13.9 C
Dushanbe

Иттиҳоди Аврупо: Тоҷикистон бояд талош кунад то интихоботҳояш мутобиқи меъёрҳои демократӣ гузарад

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 12 октябр бо нашри як баёнияи расмӣ дар бораи интихоботи президентии Тоҷикистон гуфтааст, Ҳукумати Тоҷикистон бояд талошҳои чашмгире ба харҷ бидиҳад, то интихоботҳояш мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва демокративу холисона анҷом пазиранд.

Питер Стано сухангӯи Идораи равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ин баёнияи расмиро нашр кард, ки  дар он омадааст, бо вуҷуди он ки интихобот орому муназзам сурат гирифт, чанде аз тавсияҳои нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки интихоботи порлумонии моҳи мартро назорат карданд, аз ҷумла дар робита ба муҳити матбуот ва дигарандешии сиёсӣ иҷроношуда мондаанд.

Дар баёния омадааст, “талошҳои чашмгире зарур аст, то ҷараёни интихобот бо уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, дигар уҳдадориҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои як интихоботи демократӣ мутобиқ карда шавад.”

Ҳамчунин дар баёния ба зарурати озодии матбуот барои инъикоси холисонаи таҳаввулоти сиёсӣ дар тамоми гӯшаҳои кишвар таъкид шудааст.

Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ҳозир аст барои амалӣ кардани тавсияҳои нозирони байналмилалӣ барои баргузор кардани интихоботи демократӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.

Гуфта мешавад, Ҳукумати Тоҷикистон тайи чанд соли ахир барои маҳдуд кардани озодии баён, саркӯби матбуоти мустақил ва дигарандешон танқид мешавад.

Дар баёния гуфта мешавад:

“Мо як ҳамкори қобили боварӣ дар амри тақвияти ҳамкориҳо, модернсозии иқтисод, рушди муназзами мунсифонаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ислоҳоти сохторӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ мемонем.”

Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, қарор аст, то якуним моҳи дигар дидгоҳи худро аз ҷараёни интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин сухангӯйи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ODIHR) Катя Андрутс, ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо,   намояндагони ин созмон раванди интихоботи Тоҷикистонро танҳо дар Душанбе назорат карданд, ба Радиои Озодӣ гуфтааст:

“Арзёбии ниҳоии коршиносон бо шумули машваратҳо ҷиҳати ислоҳи раванди интихобот тақрибан пас аз 8 ҳафта нашр хоҳанд шуд”.

Ба гуфтаи Хонум Андрутс “Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон якчанд шакли назорати интихоботҳоро дорад. Интихоботи президентии Тоҷикистонро, ки дирӯз баргузор шуд, як гуруҳи хурди нозирон мушоҳида карданд. Гурӯҳ аз 7 коршинос иборат буд, ки танҳо дар Душанбе қарор доштанд. Ҳайати назорати интихобот рӯзи 28-уми сентябр кори худро оғоз кард ва ин гуруҳ то 17-уми октябр дар Тоҷикистон мемонад.”

Хонум Андрутс дар идома гуфтааст: коршиносон бештар рӯйи ташкил ва ё мудирияти маъракаи интихобот, сармоягузории маъракаи таблиғотӣ ва шеваи бозтоби интихобот дар расонаҳо тамаркуз хоҳанд кард.

Комиссия интихобот рӯзи 12-уми октябр дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе бо эълони натиҷаҳои пешакии интихобот гуфт, ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон бештар аз 3 миллиону 837 ҳазор нафар раъй додаанд, ки 90.92 % овозҳоро  ташкил медиҳад.

Интихоботи президентӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки ягон ҳизби мухолиф дар он ширкат надошт. Раҳматулло Зойиров интихоботи баргузоргардидаро ғайри демократӣ ва ғайриконистутсионӣ уновн намуд, ки ҳизбаш онро таҳрим карда буд.

Ҳамчунин Муҳиддин Кабрӣ раиси Паймонӣ Миллӣ интихлботи баргузоргардидаро ғайри қонуни номид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...