-0.1 C
Dushanbe

“Ҳайфи ҳукумате, ки аз истеъдоде чун Маҳмадалӣ Ҳаит истифода накард”

Фирӯзи Ҳаит, фарзанди Маҳмадалӣ Ҳаит – муовини раиси ҲНИТ, ки аз тарафи Додгоҳи олӣ бо ҳукми абад  маҳкум шудааст – дар саҳифаи фейсбукиаш ба муносибати зодрӯзи падараш матлабе нашр кардааст.

Фирӯз дар матлаби табрикотияш мегӯяд, тасаввури ҳукми абад кори саҳлу соддае нест ва дар шароити зиндон шодбошӣ ба рӯзи таваллуд ҳам хушие намеоварад. Фирӯз аз он ёдовар шудааст, ки 5 сол аст падараш, Мамадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ бегуноҳ пушти миллаҳои зиндон қарор дорад.

Маҳмадали Ҳаит хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Ленинград, афсари яке аз пурқудраттарин хадамоти ҷосусии ҷаҳон-ГРУ, тарҷумон байни генералҳои Шӯравӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд, ҷонишини раиси созмони “Растохез”, узви зергурӯҳи кумиссиюни Оштии миллӣ, ҷонишини раиси ҲНИТ.

Пеш аз боздошт шудани Ҳаит дар кӯча бо Давлат Назир, варзидатарин корманди хадамоти амниятӣ ва устоди амниятиҳои Тоҷикистон вохӯрд. Ӯ аз Ҳаит хеле навозиш кард ва ин сухани таърихиеро гуфт:

“Ҳайфи ҳукумате, ки аз истеъдоде чун Маҳмадалӣ Ҳаит истифода накард”.

Бо баҳонаи зодрӯзи падари бузургворамИмрӯз падарам зодрӯз доранд, 63-сола шуданд, 5 соли пурра мешавад ин марди бароям…

Gepostet von Firuzi Makhmadali am Montag, 19. Oktober 2020

Аз Фйсбук: Бо баҳонаи зодрӯзи падари бузургворам

Имрӯз падарам зодрӯз доранд, 63-сола шуданд, 5 соли пурра мешавад ин марди бароям бузургтарин инсон, марди озода, падари ҳалим, устоди муршид, дӯсти наздикам бо ҳукми ноҷавонмардтарин шахси дунё умри боарзиши худро дур аз оғуши гарми хонавода, пушти милаҳои зиндони торику сарди ин режими хуношом сипарӣ дорад. Бо ин ҳол ва дар шароити зиндон, дур аз ҷамъи хонаву дӯстон чӣ гуна мешавад зодрӯзашонро ҷашн гиранд? Боз нафаре, ки бегуноҳ пушти панҷараҳои зиндон равона шудааст ва ба ҳукми абад маҳкумаш кардаанд чӣ гуна зодрӯз?…

Падари азизам, имрӯз дар ин рӯзи зодрӯзатон мехоҳам аз Шумо ба мардум бигӯям, на як фарзанд, балки ҳамчун як шахсе, ки аз Шумо шинохти комил дорам, барои дигарон қисса кунам, ки Шумо кӣ будеду чӣ мехостед? Аз гузаштаатон ва давраи афсариву бо медалҳову орденҳо қадрдонӣ шуданатон барои мардум чизе намегӯям Падар!  

Эй озодагон, падари ман марди майдон буд, ба касе бадию кина надошт, дилаш барои миллат месӯхт, агар чунин набуд чӣ чиз ӯро маҷбур сохт барои як умр вориди зиндон шавад? Шумо инро тасаввур карда наметавонед азизон, умурбод, бале умурбод. Шумо дар ду ҳафтаи қарантина тоқати дар хонаи худ нишастанро надоштед, куҷо расад ба солҳо. Вале ҳечгоҳ чунин нахоҳад шуд, ба хости Худо ҳатман мебароянд. Аз онҳое, ки падарамро бо туҳмат равонаи зиндон кардаанд, танҳо ҳаминро пурсиданиям, ки чӣ гуна падари ман, ки фақат барои ҳфзи сулҳу оромӣ ва истиқлоли Ватан талош кардааст, дар як рӯз барои Шумо “террористу хоин” шуд? Нафаре, ки аз бегуноҳияш дар минбари созмонҳо мегӯянд, зиндонияш ку кардед бо шиканҷаҳоятон саломатиашро аз ӯ гирифтед, чаро дигар озодаш намекунед?

Падарамро барои сухани ҳақаш зиндонӣ кардеду ҳатто дар назди хона латукӯбаш кардед. Падарам одати аҷибе доштанд, рӯзе набуд дасти холӣ ба хона оянд. Рӯзе, ки ноҷавонмардона дар назди хона падарамро аз пушти сараш заданду лату кӯб карданд, ҳарду дасташонҳам банд буд. Он номардон бо гузашти 7 сол пайдо нашудаанд. Бар ивази он ки он номардон дар зиндон мебуданд, вале шумо мардеро, ки  дунболи ҳақ буд ба ҳукми абад маҳкум кардед. Ин аст ҷавонмардиятон? Шумо худатон хуб медонед, ки падари ман ва ҳамсафонаш гуноҳе надоранд ва фақат аз рӯи ҷаҳлу кинаву ҳасад даст ба ин кори паст задаед. Ман мутмаинам рӯзе мерасад худатон аз рӯи пушаймонӣ ба мардум хоҳед гуфт, ки чӣ балое бар сари миллати тоҷик овардед.

Рӯзи боздошти падарамро хуб дар ёд дорам. Ман аз дарс омада будам ва бояд ба варзиш мерафтам. Аз сабабе, ки қароргоҳи ҲНИТ баста шуда буд, он рӯз падарам дар хона буданд. Садои дар шуду дарро кушодам, 2 нафар бо либоси мулкӣ пушти дар буданд. Яке аз онҳо пурсид устод Маҳмадалӣ ҳаминҷоянд, фикр кардам аз “дӯстон”- и падараман(чун устод Маҳмадалӣ гуфт), ҳатто дарро напӯшида рафтам то падарамро садо кунам. Падарам назди онҳо рафтанду яке аз онҳо салом карду гуфт, бояд бо мо равем “Калон” бо Шумо суҳбат карданист. Падарам дар ҷавоб гуфт, пас пушти дар мунтазир бошед, ман намозамро мехонаму либосҳоямро иваз карда меояам. Падарам вузу мегирфтанд, ки боз даро кӯбиданд, яке аз онҳо ба ман гуфт, мунтазири моянд дер мекунем бигу, ки зуд бошанд.

Падарам вузу гирифтанду чизе нагуфта, намозашонро хонданд ва либосҳояшонро иваз карда барои рафтан омода шуданд. Назди дар расидан – падарам одат дотанд, чун ба ҷое мерафтанд мо хонавода ҳама якҷо гуселашон мекадем, ин дафъа ҳам назди дар рафтем бо додарҳоям – падарам бо чеҳраи хандон ҳар яки моро ба оғуши гармашон гирифтанду бӯсиданд. Гӯё чизеро ҳис карда бошам, беихтиёр ашк рехтам. Пас аз рафтани падарам, лаҳзае баъд он нафароне, ки падарамро бурда буданд ҳамроҳи чанд нафари дигар ба хона даромада ҳамаро кофтукоб карданд.

Охарин рӯзе, ки падарам моро дар озодӣ ба оғуш гирифтанд, ҳамон рӯзи боздошашон (16.09.2015) буд.

Дар тӯли 5 сол фақат 2 ё 3 маротиба падарамро он ҳам дар зиндон дидаам. Солҳост дур аз нигоҳи падар, дур аз оғӯши гармашон, дур аз меҳрубониҳояшон будем. Ҳатто дар зиндон ҳам вақти дидорбинӣ иҷозаи оғуш гирифтани падарро надоштем. Бо дидани падарам дар зиндон додари хурдиям, ки эркаи хона буд, беист мегирист. Ҳукумати диктотурӣ  бо зиндони кардани падарам, ҳаққи кӯдак будани додари хурдиямро гирифт. Дилтангиямонро бо лаҳзае нигоҳ кардан аз пушти шишаву панҷара кам мекардем.

Агар аксарияти аҳолии Тоҷикистон аз рӯи фақру тангдастӣ маҷбуранд падарҳои оила ба Русия барои кор ба муҳоҷират раванд ва фарзандонашон бе тарбияи падару меҳри ӯ калон шаванд, вале моро Ҳукумат дар дохили кишвар бо зиндонӣ кардани падарам аз меҳрубониҳо ва лутфу шафқати падарияш маҳрум кард. Бо зиндонӣ кардани падарам чӣ азобҳое накашидем, аз ҳама муҳим аз меҳрашон дур мондем, рӯзҳои беморӣ дасти гармашон болои сарамон набуд, фироқи ҷудои кашидем.

Рӯзҳои зодрӯзашон ё ба деҳа ба хонаи бибиям мерафтем ё дар хонаи худамон наздикону хешовандон гирди як суфра ҷамъ меомадем. Ин Ҳукумат бо зиндонӣ кардани падарам суфраи моро аз ҳам пошид. Солҳои ахир, рӯзҳои зодрӯзашон мисли рӯзҳои оддӣ ёде аз он рӯзҳову дар озодӣ буданашон мекунему тамом, дигар на ҷамъ омадан ҳасту на чизи дигар. Ҳамааш ёдам ҳаст падарҷон, хуш забониятон меҳрабониятон, хандаҳоятон… Ман аз Шумо мардонагиро омӯхтам.

Метавонистед бештар аз ин канори мо фарзандонатон бошед ва чизҳои зиёде аз Шумо омӯзем, вале золимон аз озод будани мардони озод метарсад, меҳаросад, намегузорад, ки Шумо барин инсонҳо бо мардум ҳатто бо хонаводаҳояшон бошанд. Ман бо падари худ мефахрам. Чун мардонагиву ростқавлиро пеша карду худро фадои Ватану миллаташ кард. Ба мисли баъзеҳо нангу номуси худро нафурӯхт. Ба хотири роҳати ҷони худ мардонагиро нафурӯхт, зиндонро қабул кард. Ҳатто дар зиндон руҳафтода нестанд, аз дохил барои озодиашон мубориза бурда истодаанд.

Падарҷон, шумо ибрате ҳастед бар ману бародаронам. Шумо дур аз мо будед, вале ҳамеша дар фикру хаёоламон ҳастед. Дар тӯли ин 5 сол рӯзе набуд диламон бароятон танг набошад. Бо зиндонӣ карданатон Шуморо аз мо дур карданд, вале ёди шуморо касе аз мо нахоҳад гирифт. Аз доштани чунин падар мефахрам. Орзуи мисли Шумо буданро дорам.

Зодрӯзатон муборак падарҷон! Умед дорам, ки зодрӯзи ояндаатон дар озодӣ бо мо бошед!

Аз идора: Ҳайати эҷодии “Аздо тв” низ Маҳмадалӣ Ҳаитро ба муносибати зодрӯзаш табрик мегӯяд ва ба ӯ тани сиҳату хотири ҷамъ ва озодию сарҷаъмиро барояш орзу дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздоштҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба кишвар дар соли 2024

Боздошти чеҳраҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба Тоҷикистон аз хабарҳои муҳиме буд, ки соли 2024 дар титри расонаҳои дохил ва хориҷ қарор гирифт.

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.