Буҷаи давлатӣ барои соли оянда бештар ба нақша гирифта шудааст

Сурат: azda.tv

То соли 2023 Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки ҳаҷми даромади буҷети давлатиро то 32,2 млрд сомонӣ зиёд намояд.

Бино ба навиштаи сомонаи “Азия – Плюс” ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи тасҳеҳшудаи даромади буҷет барои соли равон ба андозаи 36,4% ё худ 8,6 млрд сомонӣ зиёдтар гуфта шудааст.

Дар лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2021” ва нишондиҳанаҳои дурнамои Буҷети давлатии давраи солҳои 2022-2023 гуфта шудааст, ки ҳаҷми умумии қисмати даромади буҷети давлатии соли 2021 ба маблағи 27,6 млрд сомонӣ, соли 2022 – зиёда аз 30,9 млрд сомонӣ ва соли 2023 – беш аз 32,2 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, бар асари таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисоди Тоҷикистон, зарари расида буҷети соли ҷорӣ бозбинӣ ва ба ҷойи 26,1 млрд сомонии қаблан пешбинишуда дар ҳаҷми 23,6 млрд сомонӣ муқаррар  карда шуд.

Дар идома зикр гардидааст, ки ҳукумат афзоиши қисмати хароҷоти буҷетро дар соли 2023 ба андозаи 26,1% ё худ 6,8 млрд сомонӣ дар муқоиса бо нақшаи тасҳеҳшудаи хароҷот барои соли ҷорӣ (26 млрд сомонӣ) пешбинӣ кардааст.

Ба ин тариқ, хароҷоти буҷет дар соли 2021 ба маблағи 28,1 млрд сомонӣ, соли 2022 – 31,5 млрд сомонӣ ва соли 2023 – 32,9 млрд сомонӣ дар назар гирифта шудааст.

Вазорати молия камбуди воридшавии маблағ ба буҷетро коҳиши даромад аз пардохти андозҳои асосӣ – андоз аз даромад, андоз аз фоида ва андоз аз арзиши иловашуда унвон кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.