13.9 C
Dushanbe

Андозро кӣ намесупорад, мардум ё ширкатҳои бузург?

Дар Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳ ба буҷет зиёда аз 646 млн сомонӣ (ҳудуди 63 млн доллар) камтар маблағ аз пардохти андоз ворид шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамаи қарздороне, ки ба буҷа хисорот овардаанд, ширкатҳое ҳастанд, ки аз ҷониби ҳукумат идора мешаванд.

Тибқи иттилои Кумитаи андоз, ки хабаргузориҳо нашр карданд, пардохти андоз ба буҷет ба ивази беш аз 8,1 млрд сомонии пешбинишуда наздики 7,5 млрд сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки 7,9% кам мебошад.

Кумитаи андоз сабаби кам ворид гардидани маблағ ба буҷаи кишварро ба вазъи пандемияи каронавирус рабт дод, ки гӯё аз ин ҳисоб ҳаҷми хизматрасониҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо кам шуда, баъзе корхонаҳо дар ҳолати душвори молиявӣ қарор гирифтанд.

Камшавии пардохти маблағи андоз дар навбати аввал ба андозсупорандагони бузург нисбат дода мешавад, ки воридоти маблағ аз онҳо ҳамагӣ 53%-и нақшаро ташкил додааст. Қарзҳо аз ҳисоби андоз дар соли ҷорӣ 440 млн сомонӣ афзуда, ҳаҷми умумии он (бо назардошти солҳои пешин) ба ҳолати 1 октябри соли равон ба беш аз 1 млрд расидааст.

Афзоиши қарз аз андоз дар соли ҷорӣ дар навбати аввал аз ҳисоби андозсупорандагони бузурге чун ҶСК “НБО Сангтӯда-1” (115,6 млн сомонӣ), ҶСК “НБО Роғун” (43,2 млн сомонӣ), ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик» (22 млн. сомонӣ), ҶСК «Тоҷиктелеком» (18,8 млн сомонӣ), фурудгоҳу ширкатҳои ҳавопаймоӣ (67,8 млн сомонӣ) ва ғайра ба вуҷуд омадааст.

Маврид ба зикр аст, ки  95%-и бастаҳои назоратии саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун”, 100% – ҶСК “Талко”, 95% – ҶСК Тоҷиктелеком”, 100% – фурудгоҳҳо ва 100% – ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба ҳукумати  Тоҷикистон мансубанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Селҳои ахир дар Тоҷикистон ҷони 3 нафарро гирифт

Давоми ду рӯзи ахир дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боронҳои шадид борида, селҳо ба вуҷуд омад ва дар натиҷа ба сокинон хасорати зиёд ворид гашт.

Эмомалӣ Раҳмон Русия меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар "парад"-и низомӣ...

Русия тамрини силоҳи ҳастаиро оғоз кард

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Вазорати дифои кишвараш тамирини омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаиро иҷозат дод.

Суҳбати телефонии Лавров ва Муҳриддин

Имрӯз, 30-юми апрел бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии...