7.9 C
Dushanbe

Даъвати М. Одинаев барои гирдиҳамоӣ дар назди қасри Президент

Маҳмурод Одинаев. Сурат: Радиои Озодӣ

Маҳмурод Одинаев муовини раиси ҲСДТ дар саҳифаи фейсбукии худ ба номи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои иҷозаи гузаронидани гирдиҳамоӣ дар назди қасри Президент ариза навиштааст.

Одинаев дар ин аризаи худ аз 5 мушкилии муҳими мурдум, ки сабаби пастравии шароити зиндагии онҳо дар Тоҷикистон дониста мешавад, ёдовар шуда, мегӯяд:

“Бо шумо барин сиёсатмадорон миллату давлатро обод кардан номумкин аст!”

Ӯ дар идома менависад, ки дар бозорҳо нарху наво гарон шудааст, мардум сарсону саргардонанд ва умеде ба оянда надоранд. Одинаев иброз доштааст, ки мушкилии дигар ин муҳоҷирони дур аз Ватан мебошанд. Ва мепурсад, ки оё президент боре миннатдорӣ карда гуфтааст, ки ободии миллату давлати мо аз меҳнати ҳалоли ҳамин муҳоҷирон мебошад? Ҳамчунин ӯ мушкилии дигарро дар шомил нашудани Тоҷикистон ба “Иттиҳоди гумрукӣ” мебинад ва мегӯяд, ки ин сабагори асосии мушкилии муҳоҷирон мебошад.

Ба назари муовини раиси ҲСДТ мушкилии дигари мардуми тоҷик ин фаъолияти бемаҳдуди ширкати “Фароз” аст, ки ба Шамсулло Соҳибов домоди раисҷумҳур таалуқ дорад. Ба гуфтаи ӯ, беморхонаҳо бо пули калон мардумро ташхис мекунанд, ки ин ҳама ба ширкати “Фароз” ва “ҳаммаслаконаш” меравад ва ин ширкат мардумро ба дод овардааст. Одинаев суол мегузорад, ки “Куҷост инсону инсоф? Куҷост давлату адолат ва куҷост қонун?”

Ҳамчунин дар охири аризааш менависад, “Чӣ бояд кард барои озодии мардумро баргардонидан? Магар ба гуфтан ин масъалаҳоро аз байн бурда метавонем? Мо уҳдадор ҳастем, ба доди ин миллат бирасем. Чун дар оянда шояд дер шавад ва миллат низ моро набахшад.”

Баъд аз 5-ум маротиба президент шудани Эмомалӣ Раҳмон мардум умед доштанд, ки нарху наво поин ва шароити зиндагии мардум беҳтар мешавад. Мардум ба умеди зиндагии беҳтаре ин бор ҳам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб кардаанд. Вале ба назар мерасад шароити мардум бадтар шуда истодааст. Чун муҳоҷирон наметавонанд ба Русия барои кор бираванд ва зиндагии оилаи худро пеш баранд.

Ба назари коршиносон дар Ватан ҷойи корӣ намерасад ва аксари шаҳрвандони Тоҷикистон барои ёфтани ризқи худ ба хориҷ барои кор мераванд. Болои ин ҳама нархи озуқаворӣ ва хизматрасониҳо дар Тоҷикистон боло рафтааст. Инчунин набуди барқ дар манотиқи гуногуни кишвар низ норозигии мардумро ба бор овардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.