11.9 C
Dushanbe

Соли 2021 Русия барои муҳоҷирон дар кадом соҳа бештар кор медиҳад?

Интернет -портали расмии маълумоти ҳуқуқӣ қарори сарвазири Русия Михаил Мишустинро нашр кардааст, ки дар он ҳиссаи иҷозашудаи коргарони хориҷӣ дар фаъолиятҳои ҷудогонаи иқтисодӣ барои соли 2021 дар Русия дарҷ ёфтааст.  

Дар ин қарор ҳиссаи қувваи кирояи хориҷӣ барои як қатор навъҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки дар он асосан муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолият мекунанд, муайян карда шудааст.

Дар санад зикр гардидааст, ки дар соли 2021, 50% ҳиссаи иҷозашудаи кормандони хориҷӣ дар соҳаҳои парвариши сабзавот ва истеҳсоли мебел, инчунин ҷангалпарварӣ ва коркарди чӯбу тахта, – 24% дар соҳаи нақлиёти боркаши мусофирбари заминӣ ва автомобилӣ аз шумори умумии кормандонро дар бар мегирад.

Тибқи ин қарор шумораи ҷойҳои ҷудогардида соҳаи сохтмон 80% гуфта шудааст, ки чунин ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирон дар Бурятия, Доғистон, вилояти Амур ва Маскав пешниҳод намешавад. Барои Доғистон он дар сатҳи 50% муайян шудааст.

Дар мағозаҳои махсуси савдои чаканаи машрубот бо шумули оби ҷав (пиво) ва маснуоти тамоку ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар сатҳи 15% аз шумори умумии коргарон муқаррар гардидааст.

25% – ҳиссаи корӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар бахшҳои варзиш ва дигар соҳаҳо ҷудо гардидааст.

Дар идоракунии амволи ғайриманқул бо пешниҳоди мукофотпулӣ ё бар асоси шартнома, инчунин дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ (ХМК) барои хизматрасонӣ дар биноҳо ва роҳравҳо ба муҳоҷирон 70% ҳисса аз шумори умумии коргарон ҷудо шудааст.

Барои муҳоҷирон дар соли 2021 дар дорухонаҳо, иншооти сайёри савдо ва бозорҳо, инчунин савдои чакана дар ҳудуди берун аз мағоза, хаймаҳо ва бозорҳо ҷойҳои корӣ ҷудо нагардидааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти чанд ҷавоне, ки бо роҳи фиреб садҳо ҳазор сомониро соҳиб шуданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ду мард дар вилояти Суғд барои бо роҳи фиреб соҳиб шудани 600 ҳазор сомонӣ боздошт шуданд.

Боз шикоят: Масъулони мактаби №54-и Душанбе волидонро ба дод оварданд

Баъзе аз волидони хонандагони мактаби №54-и ноҳияи синои шаҳри Душанбе аз ҷамъ кардани маблағи "моҳона" шикоят доранд.

Муҳоҷироне, ки бо шартнома дар артиш хидмат кардаанд, аз Русия ихроҷ намешаванад

Мақомоти Русия талош доранд бо қабули қонуну қарорҳои гуногун сафи артиши ин кишварро аз ҳисоби муҳоҷирони хориҷӣ бештар кунанд.

Мақомот тафтишу бозҷӯии муҳоҷиронро дар Русия афзоиш додаанд

Дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия кормандони пулис дар ҷойҳои истиқоматии муҳоҷирон ва майдонҳои сохтмонӣ рейд гузаронданд.