9.9 C
Dushanbe

Буҷаи соли 2021 аз имсола бештар аст, чи чиз тағйир хоҳад кард?

Рӯзи 18 ноябри соли равон палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021»-ро қабул кард.

Бино ба иттилои сомонаи Маҷлиси намояндагон, Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода зимни шарҳи лоиҳаи қонун тавзеҳ додааст, ки ҳаҷми умумии даромади буҷет дар соли 2021 ба маблағи 27,6 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар муқоиса бо буҷети соли ҷорӣ 1,6 млрд сомонӣ ё худ ба андозаи 6,1% зиёдтар аст.

Қаҳҳорзода иброз дошт, ки афзоиши даромади буҷет дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ, зиёд кардани ҷамъоварии андозҳои асосӣ (ААИ, аксиз, андоз аз даромад), инчунин таъмини афзоиши воқеии иқтисод ва муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Гуфта шудааст, ки даромадҳо аз пардохти андоз ба маблағи 18,8 млрд сомонӣ муқаррар гардида, зиёда аз 68% аз ҳаҷми умумии даромади буҷетро ташкил медиҳад. Даромадҳои ғайриандозӣ дар ҳаҷми 1,4 млрд сомонӣ ва грантҳо – 300 млн сомонӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар лоиҳаи қабулгардида, хароҷоти буҷет барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети имсолаи тасдиқшуда 1,7 млрд сомонӣ зиёдтар нишон дода шудааст.

Хароҷот ба соҳаҳои иҷтимоӣ ба маблағи 13,2 млрд сомонӣ муқаррар гардида, ки ба 47% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет баробар аст.

Тибқи буҷети соли оянда барои соҳаи маориф беш аз 5,6 млрд сомонӣ (нисбат ба буҷети имсола – 592 млн сомонӣ бештар), тандурустӣ – 2,3 млрд сомонӣ (509 млн сомонӣ бештар), бахши ҳифзи иҷтимоӣ – 4,2 млрд сомонӣ (262 млн сомонӣ бештар) маблағ ҷудо мешавад, ки мизонаияи баъзе вазоратҳо аз 260 то ҳудуди 600 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Лоиҳаи қонун дар бораи буҷети давлатӣ яке аз санадҳоест, ки мувофиқи Қонунгузории Ҷумҳурӣ бе тасдиқи аъзои палатаи болоии парлумон барои имзо ба Президент пешниҳод мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳоҷиронро дар Русия маҳдудиятҳои нав ва пардохтҳои иловагӣ интизор аст

Думаи давлатии Русия қонуни наверо баррасӣ мекунад, ки шароити...

Боздоштҳои густарда дар Қубодиён

Мақомоти Тоҷикистон ҳудуди 20 сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлонро бо гумони пайравӣ аз "Салафия" боздошт кардаанд.

Боздошти судя бо иттиҳоми гирифтани пора

Додрас (судя)-и Додгоҳи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар вилояти Хатлон бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шуд.

Фарзандони муҳоҷирон пас аз 18-солагӣ бояд ё кор кунанд ё Русияро тарк кунанд

Ҳукумати Русия тарҳи қонунеро ба Думаи давлатӣ барои баррасӣ пешниҳод кардааст, ки тартиби будубоши фарзандони муҳоҷиронро дар ин кишвар тағйир медиҳад.