7.9 C
Dushanbe

Боздошти як шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Маскав бо гумони узвият дар ДОИШ

Сурат: rbc.ru аз навори видеоии (ФСБ) 

Бино ба иттилои “ТАСС” Хадматои федеролии амнияти Русия (ФСБ) як гурӯҳе аз созмони Давлати исломӣ (ДОИШ)-ро, ки дар Русия мамнӯъ аст, ошкор намуда, аз як амали террористӣ дар вилояти Маскав пешгирӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки аъзои ин даста дар минтақаи Маскав амалҳои террористиро тарҳрезӣ мекардаанд. Дар ин бора ба ТАСС рӯзи чоршанбе аз Маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти федеролии амнияти Русия хабар доданд.

“Хадамоти федеролии амният фаъолияти ячейкаи минтақавии созмони байналмилалии террористии “Давлати исломӣ “-ро, ки дар Русия мамнӯъ аст, пахш кард, ки аъзои он ният доштанд дар минтақаи Маскав амалҳои террористӣ анҷом диҳанд”, – гуфт як масъули ФСБ ба ТАСС.

Дар хабар гуфта мешавад, ки дар рафти тафтишот муайян шуда, ки дар миёни аъзоёни ин гурӯҳ яке аз онҳо шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, вале дар бораи ҳувияти он ва аз кадом кишвари Осиёи Марказӣ аст, чизе гуфта намешавад.

Тавре аз навори видеоӣ, ки онро Маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти махсуси Русия паҳн кардааст, дида мешавад, ки тақрибан панҷ нафар боздошт шуданд. Ҳангоми намоиш додани шиносномаҳои боздоштшудаҳо, шиносномаи яке аз онҳо ба шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон хеле шабоҳат дорад. Аммо дар бораи ҳувияти он чизе гуфтан барвақт аст.

Ба иттилои Хадамоти федеролии амнияти Русия дар ҷараёни ин амалиёт аз ҷойи будубоши онҳо маводҳои тарканда ва худсохти пур аз унсурҳои зарбадор, ашё ва ҳуҷҷатҳои дигар ёфт ва мусодира шудааст.

Давоми як соли ахир чанд маротиба аст, ки боздошти шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандоин Тоҷикистон дар Русия бо чунин иттиҳом зиёд расонаӣ мешавад.

Расонаҳои русӣ 29 июли соли ҷорӣ аз боздошти 7 шаҳрванди Тоҷикистон хабар дода буданд, ки гуфта мешуд, онҳо бо ҷурми ҷонибдорӣ аз гурӯҳи террористии ДОИШ гумонбар дониста, нисбати баъзеашон бо иттиҳоми “мусоидат ба фаъолияти террористӣ бо роҳи маблағгузорӣ” парванда боз шудааст.

Вале то ҳол аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи он шаҳрвандони тоҷике, ки дар Русия бо гумони ҳамдастӣ бо ДОИШ ва ё амалҳои террористӣ дастгир мешаванд, ҳеч изҳороте нашр нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.