24.9 C
Dushanbe

Сарбозон куҷо нопадид мешаванд? Оғози парвандаи сарбози гумшуда

Додситони ҳарбии Тоҷикистон парвандаи сарбози нирӯҳои марзбонӣ дар шаҳри Панҷакентро, ки нопадид шудааст таҳқиқ дорад. Масъулони қисми низомӣ мегӯянд, сарбоз силоҳашро гузоштаву ғайб задааст.

Ин сарбоз Иброҳим Абдузоиров ном дошта 20 сорад ва сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Ӯ моҳи апрели соли равон бо хоҳиши худаш ба артиш рафта, тӯли 7 моҳ мешавад бедарак аст.

Иброҳим Абдузоиров

Саломат Абдуллоева, модари сарбози нопадидшуда ба Радиои Озодӣ гуфтааст: “Ба ҳамаи шиносҳояш занг задем, дар ҳар ҷо суроғ кардем, то ҳол хабараш нест”.

Дар идома модари сарбоз иброз доштааст, ки охири моҳи июни имсол ду масъули қисми ҳарбӣ ба ноҳия омаданд ва якҷо ба теппаҳо ва деҳаҳои ҳамсоя рафта, пайдо накардаанд.  

Саломат Абдуллоева мегӯяд, ки писараш то замони нопадид шудан чанд дафъа занг зада буд ва бори охир гуфтааст, ки барояш силоҳ доданд ва бояд ба дидбонгоҳ биравад.

Ба гуфтаи модари Иброҳим, писараш аз чизе шикоят надошт, дар бораи дилтанг шуданаш ҳам гап назадааст ва намегуфт, ки мехоҳад ба хона баргардад, чунки довталабона ба аскарӣ рафта буд.

Дар ҳаминҳол як корманди қисми ҳарбии “0203” дар шаҳри Панҷакент бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфта, ки то ҳол сарбозро ҷустуҷӯ доранд. Ба гуфтаи ин манбаъ:

“Иброҳим рӯзи 8-уми июн дар дидбонгоҳи марзӣ бо Узбекистон навбатдор буд ва бе огоҳ кардани фармондеҳон силоҳашро гузоштаву рафтааст. Ба куҷо рафтааст, маълум нест.”

Корманди низомӣ дар идома иброз доштааст, ки  дар гузашта баъзе аз сарбозон барои дидани наздикони худ аз маҳалли хидмат фирор карда, дубора бармегаштанд:

“Дар аввал фикр кардем, ки аз хидмат гурехтааст. Ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рафтем, ду ҳафта ҳамроҳи модару бародараш ҷустуҷӯ кардем, ҳеч чиз маълум нашуд. Ҳоло аз он вақт ҳафт моҳ мегузарад.”

Ба гуфтаи пайвандони сарбоз, додситонии ҳарбӣ нисбат ба нопадид шудани Иброҳим Абдузоиров тафтишотро шуруъ карда, танҳо як маротиба модарашро даъват намуда, дар бораи фарзандаш забонхат гирифтаанд.

Падари ин сарбоз Абдулҳошим Абдузоиров,  ки дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, аз сарнавишти фарзандаш дар ташвиш аст. Падари сарбоз мегӯяд, ки сахт тааҷҷуб дорад. Чун агар фирор мекард, ҳатман ба хона меомад ва ё ба кадом шиносаш хабар медод, вале ҳеч дарак нест. Дар идома падари ин сарбоз иброз доштааст, ки “Мо ҳоло ба ин натиҷа расидем, ки ба расонаҳо хабар диҳем. Аксҳояшро дар чорроҳаи деҳа ва ноҳия гузоштаем”.

Ҳодисаи нопадид гардидани сарбозон дар артиш ба як амри маъмулӣ табдил гардидааст, чанде пеш ду сарбози нерӯҳои марзбонӣ дар Бадахшон нопадид гардиданд, ки гуфта мешуд, ба хотири  наҷоти як мактабхон худро ба дарё партофаанд, то ҳол ҷасадҳояшон пайдо нагардидааст, волидонашон ба ин фарзия  бовар надоранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.