11.9 C
Dushanbe

Навалний: Ман медонам, ки кӣ маро куштан мехост

Сурат: © AP Photo / Pavel Golovkin

Тафтишоти густардаи як гурӯҳи рӯзноманигорони тафтишотӣ нишон дод, ки дасти кам ҳашт корманди хадамоти ҷосусии Русия дар заҳролуд кардани мунаққиди Кремл, Алексей Навалний даст доранд. Дар ин бора шабакаи хабарии (DW) хабар дод.

Бозёфтҳои муштараки мултимедиявӣ, аз ҷумла ҳафтаномаи олмонии “Der Spiegel”, “Cyanan” ва шабакаҳои рӯзноманигорони тафтишотии “Bellingcat” ва “Insider”, дастдоштани ҳадди ақал ҳашт корманди хадамоти ҷосусии Русия дар заҳролудшавии Алексей Навалнийро ошкор карданд.

Дар ҷараёни тафтиш шахсияти шаш мансабдори аршади Русия ва ду мудири хадамоти “ФСБ” муайян карда шудааст. Алексей Навалний акси ин афродро нашр карда гуфт, ки “Ман медонам, ки кӣ маро куштан мехост”.

Ҳафтаномаи “Der Spiegel” менависад, ки баҳодиҳии гуфтугӯҳои телефонӣ, GPS, макони ҷойгиршавӣ ва баррасии муфассали рӯйхати мусофирони парвозҳои мухталиф нишон медиҳад, ки Навални аз соли 2017 таҳти назорати ин дастаи ҳаштнафарӣ буда аст. Масалан, онҳо 30 маротиба ба самтҳое, ки Навалний сафар кардааст, низ сафар карда, пас аз чанде ба Маскав баргаштанд.

Тафтишот инчунин нишон дода, ки дар амалиёти заҳролудкунӣ бо Институти криминология ва Маркази технологияҳои пешрафтаи Русия ҳамкорӣ сурат гирифтааст. Ҳамаи ҳашт нафар дар соҳаи тиб, химия ё дар нерӯҳои махсуси Русия кор мекардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Алексей Навалний рӯзи 20 август ҳангоми парвоз аз Сибир ба Маскав дар дохили ҳавопаймо беҳуш шуд. Пас аз ду рӯз ӯро ба беморхонаи Шариати Берлин интиқол доданд. Таҳқиқот дар се озмоишгоҳи аврупоӣ нишон дод, ки ӯ бо заҳри асаби навъи “Новичок” заҳролуд шудааст. Ташкилоти манъи силоҳи кимиёвӣ низ ин натиҷаро тасдиқ кард.

Навалнии 44-сол боз дар Олмон табобат мегирад. Ӯ гуфтааст, ки пас аз сиҳатшавӣ ба Русия бармегардад.

Тими Навални ва аксари ҳукуматҳои Аврупоӣ Русияро дар ин кор гунаҳкор донистанд, аммо Кремл пайваста дастдоштанашро рад мекунад. Кремл иддао дорад, ки ҳама захираҳои навъи “Новичок” нобуд карда шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боз як тоҷики дигар дар доираи парвандаи “Крокус” маҳкум ба зиндон шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳоми сафедкунии ҳамлаи террористии ба "Крокус Сити Холл» равонаи зиндон карданд.

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми СММ барои ҳуқуқи занон

Дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон дар шаҳри Ню-Йорк намояндагони Тоҷикистон иштирок карданд.

Амрико барои хариди нефти Русия ба кишварҳо иҷозат дод

Амрико бо судури иҷозати муваққатии 30-рӯза ба кишварҳо имкон дод, ки нефти таҳримшудаи Русияро харидорӣ кунанд.

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл даромад ворид карданд.