17.9 C
Dushanbe

Сари хамро шамшер намебуррад. Маросими савганд ёдкунии аъзои Ҳукумат ба Президент

Cурат: Хадамоти матбуоти Президент

Баъди таъйид шудани аъзои нави Ҳукумати Тоҷикистон вакилон ва аъзои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15 декбари соли равон ба Президенти кишвар савганд ёд карданд.

Сомонаи Президент аз рафти савгадёдкунии кабинаи нави Ҳукумати Тоҷикистон чанд аксеро интишор намуд, ки дида мешавад, аъзоёни Ҳукумат ҳангоми гирифтани эътимоднома дар назди Президент сарашонро нимтаъзим хам кардаанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби корбарон мавриди интиқод қарор гирифт.

Бархе аз корбарон навиштанд, ки ин боз як анъанаи нав дар сохтори ҳукумати Тоҷикистон аст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки аслан ин гуна урфу одатҳо бештар дар Ҳукуматҳои худкома мансуб аст, ҳамчунин ин амалҳои шахспарастӣ  буда, мансуб ба ҷомеаи демократӣ нест.

Сомонаи Президент навиштааст:

“аъзои Ҳукумат бо дарки масъулият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло мегузоранд, тамоми нерӯ ва дониши худро барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон содиқона ва поквиҷдонона сарф менамоянд, Конститутсия, қонунҳо ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намуда, баҳри баланд бардоштани шӯҳрати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ софдилона хизмат менамоянд”.

Мутобиқи моддаи 73 ва моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аъзои ҳукумат баъди таъин шудан ба вазифа ва таъйид шуданашон аз сӯйи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарвазир, муовинони сарвазир, вазирон ва раисони Кумитаи давлатӣ иборат аст. Раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД-и Русия қоидаҳои нав барои муҳоҷирон пешниҳод кард

Ҳукумати Федератсияи Русия қасд дорад то 2 миллион муҳоҷирро ҷалб намуда, низоми нави кирояи онҳоро роҳандозӣ кунад.

Ҳушдори Русия ба дипломатҳо: Фавран Киевро тарк кунед!

Русия ба дипломатҳои хориҷӣ дар шаҳри Киев, пойтахти Украина ҳушдори расмӣ дода, ки барои ҳифзи саломатияшон пеш аз ҳамлаи эҳтимолӣ ин шаҳрро тарк кунанд.

Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе метро месозад

Мақомоти Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба сохтмони метрои Душанбе бо "Эксимбонк"-и Кореяи Ҷанубӣ гуфтугӯ карданд.

Трамп аз эҳтимоли тавофуқи ниҳоӣ байни Эрон ва Амрико хабаро дод

Ба гузориши расонаҳо, Амрико ва Эрон барои расидан ба як тавофуқи ниҳоӣ ва поён додани ҷанг наздик шудаанд. Ҳоло Амрико ба Эрон 48 соат муҳлат дода, то ба пешниҳодоти ӯ посух диҳад.