Эммануэл Макрон ба вируси COVID-19 мубтало шуд

Натиҷаи озмоиши коронаии президенти Фаронса Эммануэл Макрон мусбат эълон шуд. Кохи Илиса дар бораи лағви ҳама барномаҳои президент, аз ҷумла сафари ӯ ба Лубнон, расман хабар дод.

Тибқи изҳороти Кохи Илиса, Макрон барои як ҳафта дар худинзиво қарор мегирад, аммо ба корҳои ҳаррӯзаи худ ба таври фосилавӣ идома хоҳад дод.

Маълум нест, ки чӣ гуна Макрон ба вирус сироят ёфтааст. Масъулони Кохи раёсатҷумҳур дар ҳоли ҳозир тамосҳо ва иртиботи ҳафтаи гузаштаи ӯро таҳқиқ мекунанд.

Макрон бори охир дар ҷаласаи ҳукумат ширкат карда буд ва сарвазири Фаронса Жан Кастекс низ ба ин далел таҳти карантини эҳтиётӣ қарор гирифтааст.

Инчунин Эммануэл Макрон ҳафтаи гузашта дар нишасти ИА ширкат карда, рӯзи чоршанбе (16 декабр) бо сарвазири Португалия Антониу Коста мулоқот дошт.

Сарвазири Испания Педро Санчес, ки рӯзи душанбеи 14 декабр бо Макрон хӯроки нисфирӯзӣ хӯрд, эълом дошт, ки то 24 декабр карантин эълон мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Умар Кремлёв ва писари Трамп: аз туҳфаи арӯсӣ то шикори муштарак

Писари президенти ИМА Доналд Трамп, моҳи августи соли 2026 зимни сафар ба Муғулистон ду рӯзро бо Умар Кремлёв, раиси IBA ва соҳибкори тоҷиктабори наздик ба Кремл, сипарӣ кардааст.

Русия ва Украина барои расонидани кумак ба Олешки оташбаст эълон карданд

Дар шаҳри Олешкии ҷануби Украина рӯзи 27-уми октябр оташбаси маҳдуди башардӯстона ба иҷро даромад.

Тоҷикистон санҷиши соҳибкоронро муваққатан қатъ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28-уми октябр фармоне имзо кард, ки тибқи он то 1-уми январи соли 2029 ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна мораторий эълон мешавад.

Кишварҳои СПАД ба Тоҷикистон силоҳ мефиристанд

Кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) қасд доранд то поёни соли 2026 интиқоли силоҳу техникаи низомиро ба Тоҷикистон оғоз кунанд.