Боздошти як паноҳандаи тоҷик дар Украина

Машрабҷон Ҳайдаров, як шаҳравнди Тоҷикистон, ки дар Украина паноҳанда буд, ба гумони маблағгузорӣ дар созмони террористии ДОИШ дар ин кишвар боздошт шудааст. Ӯ дар ин кишвар ба тиҷорат машғул буд ва ошхонаеро бо номи “Мазза 1” низ роҳандозӣ карда буд.

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” менависад, ки Хадамоти амнияти Украина (СБУ) рӯзи 4 январ ба Хадамоти давлатии муҳоҷират (ГМС)-и ин кишвар расман нома фиристода, тавсия додааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон Машрабҷон Ҳайдаровро аз мақоми паноҳандагӣ маҳрум кунад.

Мақомоти амниятӣ Ҳайдаровро, ки ба хотири узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир дар ин кишвар паноҳада будааст, ба маблағгузории созмони террористии ДОИШ айбдор кардаанд.

Вале Машрабҷон Ҳайдаров гуфтааст, тамоми асноди бонкӣ дар бораи кай ва ба куҷо пул фиристоданаш дар дасташ ҳаст ва метавонад ин аснодро ба мақомоти марбутаи Украина ироа карда, бегуноҳ буданашро исбот намояд.

Гуфта мешавад, Машрабҷон Ҳайдаров соли 2015 баъди 6 соли зиндагӣ дар Русия ин кишварро аз тарси он ки таъқиб мешавад тарк карда ба Украина паноҳ бурдааст. Дар ин кишвар бар пояи грант (кумаки билоиваз)-и Идораи паноҳандагони Созмони Милал тиҷорати худро оғоз кард ва тарабхонаи «Мазза №1»-ро кушодааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Китоби нави Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳизби ҳоким рӯнамоӣ шуд

Китоби нави Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони "Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол" рӯнамоӣ шуд.

Путин қонунҳои нави зидди муҳоҷиронро имзо кард

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бастаи қонунҳоеро имзо кард, ки қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишварро ба таври назаррас сахттар мекунанд. 

Дар Панҷакент маъракаи нави зидди “либоси бегона” баргузор шуд

Дар шаҳри Панҷакент рӯзи 4-уми август намояндагони Ҳизби Халқии...

Боздошти чанд хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона дар Душанбе

Пулиси Душанбе рӯзи 4-уми август аз боздошти як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона дар пойтахти Тоҷикистон хабар дод.