Тоҷикистон аз Туркия маҷмӯи тибии сайёр харидорӣ мекунад

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода барои харидорӣ намудани маҷмӯи тибии сайёр ба Туркия сафар кард.

Тибқи маълумоти маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ин маҷмӯи тиббии сайёр дар доираи татбиқи маблағгузории бебозгашт (грант) аз ҷониби Бонки исломии рушд харидорӣ шуда ва сафари вазир низ барои қабули ин маҷмӯи тиббӣ гуфта мешавад.

“Маҷмӯи тиббии сайёр воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм буда, дарозиашон тибқи стандартҳои аврупоӣ 18 метр ва баландиашон 4,2 метр мебошанд, ки дар он ҳуҷраҳои гуногун, аз ҷумла акушерӣ, офталмологӣ, кардиологӣ, ултрасадо, рентгени рақамӣ ва таҷҳизот барои эндоскопияи хурд муҷаҳҳаз гардонида шудаанд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Сурат: moh.tj

Гуфта мешавад, дар доираи ин Барномаи хайриявии Бонки исломии рушд барои таъсиси панҷ маҷмӯи тиббии сайёр маблағҳои грантӣ ҷудо гардидааст. Бонки мазкур тавассути озмуни байналмилалӣ ширкати «Нормека»-и Норвегияро ҳамчун масъули пешниҳоди маҷмӯи тиббии сайёр интихоб намудааст.

Низ дар хабар қайд гардида, ки дар доираи барномаи мазкур воситаҳои нақлиёти махсусгардонидашудаи ёрирасони клиникаҳои сайёр пешниҳод карда мешаванд, ки онҳо барои овардани беморон аз деҳаҳои дурдасти кӯҳӣ то ба клиникаҳои сайёр хизмат мерасонанд.

Ёдовар мешавем, ки ин Созишнома 27 октябри соли 2014 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд ба имзо расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 декабри соли 2014 тасдиқ гардида буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро хонандагони мактабҳои Фаронса ба кӯчаҳо баромаданд?

Эътирозҳои хонандагони мактабҳои миёна дар Фаронса, ки аз нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз шуданд, то ҳол идома доранд.

Дастури нави Вазорати маориф барои ҷалби омӯзгорон ба корҳои ғайритаълимӣ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба сохторҳои зертобеи худ дастур дода, ки омӯзгорон ба корҳои берун аз фаъолияти таълиму тарбия ҷалб карда нашаванд.

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ҳукми боздошти раҳбарони Толибонро содир кард

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ДБҶ) ҳукми боздошти чаҳор мақоми баландпояи Толибонро содир кард.

Оё дар Душанбе об ҳам “лимит” шудааст?

Сокинони шаҳри Душанбе аз қатъшавии пайдарпайи оби нӯшокӣ шикоят доранд