Чаро бо қабули қонуни нав дар бораи хидмати ҳарбӣ мушкилии “Облава” ҳал нашуд?

Кормандони комиссариатҳои ҳарбии Тоҷикистон маъракаи “Обалава”-ро шуруъ карданд. Аз наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки мисли пештара чанд корманди комиссарияти ҳарбӣ як ҷавонро дар байни мардум аз дастонаш маҳкам дошта маҷбуран ба мошине савор кардан мехоҳанд.

Мардуме, ки дар гирду атроф назора доранд, баъзе ба кумаки ҷавон мешитобад ва баъзе дигар мақомдоронро аз ин корашон маломат мекунад.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ низ наворе пахш карда, ки аз маҷбуран бурдани як ҷавон нақл мекунад.

Ин расона ба нақл аз манбааш менависад, шаби гузашта тахминан соати 21 дар назди Автовокзали шаҳри Душанбе чанд нафари ношинос талош карданд, як ҷавонро иҷборӣ ба мошин бор карда бубаранд. Ба гуфтаи муаллиф мошини сабукрав бидуни рақами қайди давлатӣ будааст. Аз садои шоҳидон бармеояд, ки ҷавонро иҷборӣ ба хизмати ҳарбӣ мебаранд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола дар мавсими баҳорӣ ва тирамоҳӣ ҷавононро бо усулҳои маҷбурӣ аз бозору кӯчаҳо дастгир карда ба хидмати ҳарбӣ мебаранд. “Облава”-и навбатӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки охири соли гузашта мақомот қонуни наверо дар бораи пулакӣ шудани хидмати ҳарбӣ қабул намуд ва тибқи он, ҳарки мехоҳад метавонад дар муқобили маблағ билети ҳарбиро харад. Аммо маблағи расмии он чӣ қадар аст, то ҳол чизе гуфта нашудааст.

Аксари мардум бар ин гумон буданд, ки бо қабул шудани ин қонун “Облава” аз байн меравад, вале чуноне ба назар мерасад ин мушкилӣ ҷомеаи тоҷикро тарк карданӣ нест.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори маъруфи тоҷик дар саҳифаи фейсбукияш дар мавриди “Облава” шудани донишҷӯён менависад:

“МЕГУФТАНД, КИ МАСЪАЛАИ “ОБЛАВА” САБУКТАР МЕШАВАД. АММО… ДИГАР АЗ ДОНИШГОҲҲО ҲАМ МЕҚАПАНДУ МЕБАРАНД? ДАР ДАВЛАТЕ, КИ ҲУКУМАТИ ҚОНУН ВУҶУД ДОРАД, БАРОИ ИН АМАЛ ПРОКУРОРАШ ПАРВАНДАИ ҶИНОӢ БОЗ МЕКАРД!”

Коршиносон нарафтани ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ рабт медиҳанд. Ҳамасола бо сабаби шиканҷаву бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ аз маъюб шудан ва ҳатто аз марги наваскарон хабарҳо нашр мешавад, ки ин боиси дилхунукии ҷавонон ба хидмат кардан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гаштааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Музокироти ғайримустақими Эрону Амрико ба марҳилаи ниҳоӣ мерасад

Музокироти ғайримустақими Эрону Амрико, ки пас аз даргирии ҷонибҳо дигарбора оғоз шудааст, ба марҳилаи ниҳоӣ наздик мешавад.

Дар Русия муҳоҷирон маҷбуранд дар барномаи “Амина” худро сабтином кунанд

Русия истифодаи замимаи мобилии "Амина"-ро барои доираи бештари шаҳрвандони хориҷӣ ҳатмӣ мекунад.

Шикояти як зан аз бадрафторӣ ва латукӯб дар маркази визадиҳии Туркия

Як зани тоҷик иддао мекунад, дар маркази визадиҳии Туркия дар Душанбе аз ҷониби чанд корманди он мавриди бадрафторӣ ва латукӯб қарор гирифтааст.

Додгоҳи Австрия истирдоди Шавкати Муҳаммад ва ду узви хонаводаашро ба Тоҷикистон рад кард

Додгоҳи Венаи Австрия дархости Тоҷикистонро барои истирдоди Шавкати Муҳаммад ва модару бародараш рад кард.