20.9 C
Dushanbe

6 шикояти нав дар парвандаи Иззат Амон афзуда шуд

Ба тафтишот алайҳи Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва раиси “Маркази тоҷикон” дар Маскав, 6 шикояти дигар ворид шудааст. Дар ин бора Сайидбурҳон Шарипов вакили дифои Иззат Амон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи Шарипов то кунун муфаттиши парванда дар ин маврид пурсиш нагузаронидааст ва  ин пурсиш қарор аст рӯзҳои наздик гузаронида шавад. Вакили дифои Иззат Амон мегӯяд, ки намедонад зерҳимояааш ин шикояткунандаҳоро мешиносад ё не, чун дар гузашта Иззат Амон гуфта буд, бархе аз шикояткунандаҳоро намедонад ва бори аввал мебинад.

Ҳамчунин вакили дифоъ гуфт, ки онҳо ҳоло талош доранд то ҳар шикоят ё зарари расидаеро, ки Иззат Амон бар дӯш мегирад, товони онро пардохт кунанд.

Ин шикоятҳои нав дар ҳолест, ки рӯзи 22 апрел, Сайидбурҳон Шарипов ба расонаҳо гуфта буд, ки талош доранд, ки парвандаи зерҳимояи ӯ мувофиқи қонуни афви соли 2019 банду баст шуда, парванда қатъ карда шавад.

Шарипов сару садоҳои рӯзҳои ахир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимои дар бораи Иззат Амон нашршударо беасос номида, шароити нигоҳубини зерҳимояашро хуб арзёбӣ кард ва гуфт, ки зерҳимояаш шиканҷае нашудааст.

Ҳамчунин Шарипов аз он шикоят кард, ки нафарони зиёде дар расонаҳо барои пуштибонӣ аз зерҳимояааш изҳори расонидани ёриҳои молиявиро мекунанду вале то кунун ба Иззат Амон касе кумаке накардааст. Ӯ ин амалро “дастгирии ҳавоӣ” номида, мегӯяд, агар онҳо бихоҳанд ёрӣ кунанд ба ҳамсараш, ки дар Маскав ва писараш, ки дар Тоҷикистон аст, метавонанд як суратҳсоб кушоянду  кӯмак намоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта ҳамкорон ва шогирдони Иззат Амон, ки то боздошти ӯ дар “Маркази тоҷикон” дар Русия ҳамроҳаш кор мекарданд, аз таъқибу бозпурсӣ шудани хонаводаҳояшон аз ҷониби мақомоти интизомии кишвар хабар доданд.

Иззат Амон як чеҳраи маъруф ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон рӯзи 25 моҳи март шаҳрвандияш лағв ва рӯзи 27 дар Тоҷикистон хабари боздошташ расонаӣ шуд. ВКД-и Тоҷикистон Иззат Амонро ба қаллобӣ муттаҳм намуда, нисбаташ бо моддаи 247, қисми 4-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикстон парванда боз кардааст.

Аммо наздикони ӯ ва ҷомеаи шарҳрвандӣ ин иттиҳомотро рад мекунанд ва парвандаро дорои ангезаи сиёсӣ унвон кардаанд.

Муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Маскав барои озодии ӯ даст ба эътироз заданд ва дар назди сафорати Тоҷикистон талаби озодии Иззат Амонро карданд. Дере нагузашт, ки тақрибан ҳамаи муҳоҷирон боздошт шуданд, ки бо кумаки созмонҳои ҳуқуқӣ ва дахолати мухолифон озод карда шуданд.

Ҳамчунин дар баробари ин бо ибтикори КДАМ-и Тоҷикистон тақрибан ҳаррӯз донишҷӯён, омӯзгорон ва сокиноне, ки Иззатро умуман намешинохтанд дар назди дурбин ӯро ба қаллобӣ айбдор мекарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Музокироти Амрико ва Эрон чӣ натиҷа медиҳад, ҷанг ё сулҳ?

Гуфтушунидҳои ғайримустақим байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар ҳоли ҳозир дар ҳолати ҳассос қарор доранд.

Дидору гуфтугӯҳои ҳайати ПМТ бо мақомоти расмии Литва

Ҳайати ПМТ таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ зимни як сафарии кории серӯза дар шаҳри Вилнюси Литва бо мақомоти расмӣ, расонаҳо ва тоҷикони ин кишвар дидор доштанд.

Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Microsoft ва Google дар самти ИИ 

Дар Ҳиндустон вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо намояндагони ширкатҳои “Google DeapMind” ва “Microsoft” дар самти зеҳни сунъӣ дидор кард.

Боз як узви фаъоли “Гурӯҳи 24” дар Туркия боздошт шуд

Фаъоли сиёсӣ ва узви Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" Фирӯз Бобоев (маъруф ба Зайд Бобоев) боз аз ҷониби мақомоти Туркия боздошт шуд.