12.9 C
Dushanbe

Таҳдиди Лавров ба Толибон

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бар ин назар аст, ки хурӯҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон, ин ба маънои эътирофи нокомии рисолати Вашингтон дар ин кишвар аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати ҳамла ба Тоҷикистон, ин мавзӯъ “мавриди баррасӣ дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) қарор хоҳад буд”, менависад “Коммерсант” аз Қавли ҷаноби Лавров.

Лавров талвиҳан таҳдид карда гуфт:  Ман дар ҷое хондам ва ё аз телевизион шунидам, ки оё мо ба Афғонистон нерӯ мефиристем: Ба назари ман, ки посух равшан аст”

“Мо бо Тоҷикистон ҳампаймон ҳастем. Агар ҳамла ба Тоҷикистон сурат гирад, албатта, ин мавзӯи фаврӣ барои баррасӣ дар СПАД қарор хоҳад гирифт”, гуфт ҷаноби Лавров ҳангоми суханронӣ дар Донишгоҳи федералии Шарқи Дур (Дальневосточном федеральном университете).

Вазири умури хориҷаи Русия бар ин бовар аст, ки таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ дар Афғонистон дар ҳоли афзоиш аст. Ба гуфтаи ӯ, “дар кишвар ҷойҳое ташкил мешавад, ки ҷангиёнро на Толибон, балки “Давлати Исломӣ” ба худ ҷалб мекунад”. Ин дар натиҷаи “лағжишҳои раванди сиёсӣ ва аз нав шуруъ шудани амалиётҳои низомӣ рух медиҳад.

Лавров қайд карда, ки Толибон (дар Русия мамнӯъ) рафтори ҷангталобонаро доранд, зеро тавофуқномаи ташкили давлати интиқолӣ иҷро ва татбиқ намешавад. Ба ақидаи ӯ, роҳбарият дар Кобул “намехоҳад як чизи интиқолиро созмон диҳанд, онҳо метарсанд, ки ин амр метавонад онҳоро аз саҳнаи сиёсат дур биандозад.”Маълум шуд, ки ҳам онҳо ва ҳам амрикоиҳо, ки дар онҷо ҳастанд авзоъро мегузоранд, то куллан ба зӯр ҳал шавад.” Мегӯяд оқои Лавров.

Нооромиҳо дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон дар охири моҳи июн шиддат гирифт. Ҳазорҳо Сарбозони афғон ба сабаби ҳамлаи Толибон маҷбур шуданд марзро убур карда, ба Тоҷикистон ақибнишинӣ кунанд. Президенти Русия Владимир Путин изҳори омодагӣ кард, ки дар ҳолати зарурат ба Тоҷикистон кумак мекунад.

СПАД як блоки ҳарбӣ-сиёсист, ки тибқи тавофуқнома кишварҳои узви худро аз ҳамлаҳои беруна муҳофизат мекунад. Ба ин созмон Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Худкушии як зодаи Тоҷикистон дар боздоштгоҳи “Матросская тишина”

Яке аз маҳкумшудагон дар парвандаи ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сити Холл" дар боздоштгоҳи тафтишотии "Матросская тишина"-и Маскав худкушӣ кардааст.

Арманистон ду зодаи Язгуломро ба Тоҷикистон супурд

Мақомоти Арманистон ду зодаи Язгуломи ноҳияи Ванҷро, ки қаблан боздошт карда буд, ба Тоҷикистон супурдааст.

Баргузории “Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ” дар Тоҷикистон

Рӯзи 6-уми апрел дар Тоҷикистон вобаста ба "Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ" ҳамоиши солимгардонӣ ва муоинаҳои ройгони тиббӣ оғоз гардид.

Оташбас ё ҷанг? Музокироти Амрико ва Эрон вориди марҳилаи нав мешавад

Музокирот миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои барқарор кардани оташбас ва таваққуфи ҷанг вориди марҳилаи нав шудааст.