Шартҳои Фаронса барои эътирофи Толибон

Фаронса барои эътирофи Толибон шарт гузоштааст, ки бояд эҳтироми ҳуқуқи занон ва касоне, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд, озод гузошта шаванд.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар бораи шарттҳои эътирофи Толибон сӯҳбат карда аст. Фаронса, ки яке аз кишварҳои ҳампаймони стратегии Амрико мебошад, раисҷумуҳураш дар мусоҳиба бо “TF1”  гуфт, ки кишвараш мунтазири эҷоди минтақаи амн дар фурӯдгоҳи Кобул аст ва шартҳои кишвараш барои этирофи Толибонро ироа карда аст.

Макрон мегӯяд, кишвараш мехоҳад минтақаи амн дар назди СММ барои идомаи амалиёти башардӯстона дар Кобул таъсис шавад ва афзуд, ки қарор аст имрӯз дар ҷаласаи изтирории Амнияти СММ қатъномаи муштарак бо Бритониё ба Шӯро пешниҳод карда шавад. Дар назар аст имрӯз душанбе Шӯрои Амнияти СММ барои баррасии вазъи Афғонистон нишаст барпо кунад.

Макрон ҳамчунин ба аҳамияти тавони ташкили амалиётҳои мақсадноки башардӯстона барои анҷоми тахлияҳое, ки тавассути фурудгоҳи низомии Кобул амалӣ нашудаанд, ишора кард. Раисҷумуҳури Фаронса мегӯяд, ки ҳоло касе, ки бар Афғонистон тасаллут дорад Толибон ҳаст ва ба ҳамин хотир мо бояд бо онҳо гуфтушунид кунем, аммо ин маънои эътирофи онҳоро надорад.

Ба гуфтаи Макрон Фаронса барои эътирофи Толибон шартҳои худро дорад, аз ҷумлаи шартҳое, ки Макрон ба миён гузоштааст, ин “эҳтироми Толибон ба ҳуқуқи инсон ва таъмини амнияти онҳое, ки дархости паноҳандагӣ кардаанд, бояд озодона Афғонистонро тарк кунанд. Мавқеъи ошкор нисбати ҳама созмонҳои террористӣ” ва “эҳтироми ҳуқуқи занон мебошанд.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар Муҳаммад Наим гуфта, ки ҷанг дар Афғонистон ба поён расидааст ва ҳеч зарурате ба таъсиси минтақаи амн дар фурӯдгоҳи Кобул вуҷуд надорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.