Пас аз “лату кӯб” Раҳмон ба вазири тандурустӣ мукофот дод

31-уми август раисҷмуҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба як идда аз ходимони давлатӣ мукофотҳои давлатӣ супорид.

Ба иттилои Хадамоти матбуотии президент Эмомалӣ Раҳмон гуфт: “имрӯз шахсоне бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз мегарданд, ки саҳми онҳо дар тӯли сӣ соли даврони соҳибистиқлолӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлатӣ назаррас ва арзишманд мебошад”.

Манбаъ меафзояд: “Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданро метавон подоши хизмати содиқона ба халқи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон маънидод намуд.”

Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳур, шаҳрдори пойтахт ва раиси Маҷлиси Миллӣ ва Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз ҷумлаи касоне ҳастанд, ки ба ин мукофоти давлатӣ қадрдонӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, 26-уми июл дар бораи латукӯб шудани вазири тандурустӣ тавассути хоҳарзодаҳои Эмомалӣ Раҳмон гузориш шуда буд. Вазир пас аз як моҳ дар рӯзи 27-уми август дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” лату кӯб шуданашро рад карда, гуфт ин ҳодиса барои ӯ як “овозаи ғайриинтизор” буд.

Акнун иддае аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мукофот гирифтани Ҷамоллидин Абдуллозодаро ба масхара гирифта гуфтаанд, ки вазир товони ҷоғи шикастаашро гирифт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти сокинони Душанбе аз ронандагони “Ҷӯра таксӣ”

Сокинони пойтахт аз беэҳтиромии ронандагони "Ҷӯра таксӣ" ба мусофирон, дашномдиҳӣ ва дигар мушкилот шикоят мекунанд.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Сеул бори аввал раҳбарони Осиёи Марказиро гирди як миз ҷамъ меорад

Дар Сеул барои бори аввал нишасти якҷояи Кореяи Ҷнубӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Сарбози хориҷӣ дар ҷанг: ҷангҷӯе, ки баргаштанаш ба нафъи давлат нест

Тибқи тахминҳое, ки хадамоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Украина ва бунёдҳои машғул ба таҳқиқи ин масъала мезананд, дар артиши Русия ҳудуди 40-50 ҳазор хориҷӣ меҷанганд.