Тоҷикистон: Дар ҷанҷолҳои гурӯҳӣ дар Русия шарик нашавед!

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз муҳоҷирони корӣ дар Русия хостааст, ки аз ширкат дар занозаниҳои гурӯҳӣ дар ин кишвар худдорӣ кунанд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз муҳоҷирони корӣ даъват кард: “Дар сурати поймол шудани ҳуқуқу манфиатҳо ва ё беэҳтиромӣ нисбати шаҳрванд, набояд ба муноқишаи гурӯҳӣ ворид шавад, балки ба мақомоти салоҳиятдори Федератсияи Русия ё Тоҷикистон муроҷиат кунад.” Дар ин бора “Sputnik–Тоҷикистон” хабар додааст.

Вазорати меҳнат шарҳ дода, ки ба хоти пешгирӣ аз содир шудани ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои террористӣ, бо онҳо сӯҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Инчунин ба муҳоҷирон ҳушдор медиҳад, ки қонунҳои будубоши Русияро риоя кунанд.

Қаблан раҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия, Вадим Коженов сабаби задухӯрдҳои муҳоҷирон дар Маскавро шарҳ дода гуфта буд, занозаниҳо байни муҳоҷирони меҳнатӣ бинобар шиддати кор, гаронии чиптаҳои парвоз ва мушкилоти равонӣ ба вуҷуд меоянд.

Тибқи маълумоти шаҳрдории Маскав тақрибан 200 муҳоҷир аз кишварҳои ИДМ бо сабабҳои вайрон кардани қоидаҳои будубош ва тартиботи ҷамъиятӣ аз пойтахт ихроҷ шуда, ба 17,5 ҳазор нафари дигар вуруд ба Русия манъ карда шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раҳмон барои иштирок дар ҳамоише ба Озарбойҷон рафт

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 14-уми октябри соли ҷорӣ ба шаҳри Бокуи Озарбойҷон сафар кард.

Як ронандаи таксии шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон ба куштор гумонбар аст

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар садамаи маргбор дар гузаргоҳи пиёдагардон дар Варшава гумонбар дониста мешавад, пас аз марги ҷабрдида Лаҳистонро тарк кардааст.

Сафари аввалини Рубио ба Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон аз ин сафар чӣ интизор дорад?

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Марко Рубио нимаи дуюми моҳи октябр сафари хориҷии худро ба Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон анҷом медиҳад.

Михаил Галустян узр пурсид, аммо узрхоҳии ӯ саволҳои навро ба миён овардааст

Ҳаҷвнигори арманитабор Михаил Галустян пас аз мавҷи интиқодҳо дар пайи сафараш ба Душанбе ба хотири нақшҳои қаблияш аз мардуми Тоҷикистон бахшиш пурсид.