Иброҳим Раисӣ даъвати Эмомалӣ Раҳмонро напазируфт?

Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон дар Шоми дӯстии омода кардаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ширкат накард.

Шоми 16-уми сентябр, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар арафаи оғози баргузории нишасти Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Душанбе меҳмонони олиқадри кишварро ба Шоми дӯстӣ даъват кард.

Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон

Ҳамзамон Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар саҳфаи фейсбукиаш 75 акс аз ин Шоми дӯстӣ ва макони баргузории он дар шаҳри Душанбе нашр кард, вале дар ҳеч куҷое аз аксҳо дида намешавад, ки Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон дар онҷо ҳузур дошта бошад.

Ҳамзамон ҷониби Эрон низ то кунун шарҳ на додааст, ки иллати иштирок накардани Иброҳим Раисӣ дар ин Шоми дӯстии омода кардаи мизбони нишасти сарони кишварҳои СҲШ чӣ будааст?

Аммо дар ҳамин ҳол як коршиноси эронӣ гуфт, ки маъмулан раҳбарони Ҷумҳурии исломии Эрон дар нишастҳое, ки дар он шароб тақдим шавад, ширкат намеварзанд.

Президенти Эрон пеш аз ба Тоҷикистон омадан эълон карда буд, ки ин сафар саҳфаи наверо дар муносиботи Эрону Тоҷикистон боз хоҳад кард. Саҳфае, ки муносибатҳои сарди ду кишварро пушти сар гузошта, аз оғози муносибатҳои гамру самимӣ дарак хоҳад дод.

Муносибатҳои Тоҷикистону Эрону пас аз ҳодисаҳои 4-уми сентябри соли 2015 дар Душанбе ва муттаҳам кардани Эрон дар ин қазия ва пуштибониаш аз нерӯҳои мухолифин бахусус Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сард шуд, вале тайи ду соли бо вуҷуди иттиҳомоти густурдаи Тоҷикистон алайҳи Эрон дида мешавад, ки ҷонибҳо талош доранд, ки муносибатҳо ва иртиботи худро аз нав тармим ва бозсозӣ кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ОМ пасттарин иқтисодро дорад

Тоҷикистон дар миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ яке аз хурдтарин иқтисодҳоро дорад.

Тарс аз таҳримҳо: Бонки “Ҳумо” суратҳисоби русҳоро мебандад

Бонки "Ҳумо"-и Тоҷикистон ба мизоҷони хориҷии худ, бахусус шаҳрвандони Русия паём фиристода, онҳоро аз маҳдуд ё баста шудани кортҳои бонкиашон аз 1-уми октябр огоҳ кардааст.

Барқи офтобӣ барои 64 ҳазор аҳолии Бадахшон: “лимит” аз байн меравад?

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чандин иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои офтобӣ, бодӣ ва обӣ, зеристгоҳ ва хатти нави интиқоли барқ ифтитоҳ шуд.

Кишварҳои ИА барои таҳияи механизми бозгардонии муҳоҷирон мувофиқат карданд

Вазирони корҳои дохилӣ ва муҳоҷирати 18 кишвари аврупоӣ ба таҳияи механизми нави вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар марзҳои берунии Иттиҳоди Аврупо мувофиқат карданд.