Боздошти чор тоҷикистонӣ бо иттиҳоми пайравӣ аз Толибон

Чор тоҷикистонӣ бо иттиҳоми пайравӣ аз ақидаи толибонӣ ва бо гумони анҷоми ҳамлаҳои терористӣ дар Екатеринбурги Русия боздошт шуданд.

Сурат: Интернет

Рӯзи чоршанбе, 22-уми сентябр дар Екатеринбург панҷ пайрави Толибонро, ки мехостанд ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд, боздошт карданд. Дар ин бора телеграмканали “

Азимҷон Ваҳоббов, коршиноси масоили сиёсӣ

Азимҷон Ваҳоббов гуфт: Бубинед дар ин бора чанд фарзия вуҷуд дорад. Аз ҷумла инки дар гузашта ҳар боре дар Русия як маъракаи сиёсие ба монанди интихобот доир шудааст, баъд ва пеш аз он ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки якчунин ҳодисаҳое гуё сурат мегирад ва ё гуё қарор аст, ки сурат бигирад ва хабарҳои он тавассути расонаҳои русӣ бо манбаи мақомоти қудратии он кишвар паҳн мешаванд. Ва зуд фазои хабаргузориҳо ва расонаҳои русиро пур мекунад. Ва масъалаи шикоят аз интихобот ва тақаллуб ва ғорати раъйи мардум билофосила ба хабари дуввум ва севвумдараҷа табдил ва ҳамин тариқ фаромӯш мешавад.

Ба таъкиди ин коршиноси масоили сиёсии тоҷик: Интихоботи ахири Русия ҳам аз ин масъала истисно набуд ва нест. Далелаш ҳам ин аст, ки интихоботҳои россия мисли интихоботҳои Тоҷикистон ҳечгоҳ шаффоф намегузаранд ва хабарҳо ва интиқодҳо атрофи он зиёд мешавад. Барои онки таваҷҷуҳи афкори умум ба тарафи дигар бурда шавад ва мардум барои ҳимоят аз раъйи худ ба кучаҳо нарезанд, бояд якчунин ҳодисаҳое тавассути афроди хос тарроҳӣ шаванд ва мардум бояд дар ҳолати тарсу ваҳмзадагӣ қарор бигиранд. Ба ҳамин хотир ҳодисаи кушта шудани зани 65 – сола, ҳодисаи террористии донишгоҳи Перм ва ин ҳодисаи ахири боздошти 5 нафар аз ҷумла чаҳор тоҷикистонӣ то адозае аз ҳамин зовия мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

-Аммо чаро дар ин қазия аз номи Толибон истифода шудааст?

-Зеро гурӯҳи Толибон як гурӯҳи тоза ба қудрат расида ҳаст ва бо таваҷҷуҳ ба таҳлилу ҳарфҳои зиёде, ки феълан дар саросари ҷаҳон нисбати онҳр вуҷуд дорад, метавонад бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор бигирад ва мутмаинам ин масъала то чард рӯз дар расонаҳо маврирди баҳсу баррасӣ хоҳад буд. Ки оё Толибон дар ин кор даст доранд ё не ва бо таваҷҷуҳ ба инки Толибон таъкид мекунанд, ки хориҷ аз марзҳои Афғонистон фаъолият нахоҳанд кард. Бинобар ин, ин масъала барои расонаҳо ва афкори умум ҷолиб хоҳад буд.

-Ва чаро пойи шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин масъала кашида шуд?

-Посух ин аст, ки оё магар бесоҳибтар аз тоҷик дар Россия ва минтақа ягон қавму миллати дигаре ҳаст? Ҳама заминаҳо барои истифода аз тоҷикҳо дар ингуна ҳаводис омода аст. Ҳеч кас аз онҳо ҳимоят нахоҳад кард. Парвандаашон ҳечгоҳ шаффоф баррасӣ намешавад. Тоҷикҳо худашон дар кишвари худ бесоҳибанд. Ҳукумати Тоҷикистон худаш тоҷикҳоро бадном, туҳмат, шиканҷа, зиндонӣ, муттаҳам ба терроризм ва ҳатто мекушад.

Вақте чунин аст, пас тоҷикҳо дар ингуна бозиҳои ноҷавонмардона, баройи мақомоти махсуси Русия як луқмаи ширини тайёр, бепул, бесоҳиб, беватан ва қурбонии рақами авваланд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Поёни анъанаи сисолаи муҳоҷират

Сӣ сол аст тамоми системаҳои иқтисоди Тоҷикистон — аз буҷаи хонавода то иқтисоди миллӣ — дар асоси як фарзия сохта шудаанд: Муҳоҷир ҳамеша метавонад ба Русия биравад.

Баҳсбарангезтарин Ҷоми ҷаҳонии футбол оғоз шуд

Рӯзи 11-уми июн Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки пеш аз оғозаш баъзе тимҳои миллӣ, доварон ва варзишгарон бо мушкилот рӯ ба рӯ шуданд расман оғоз гардид.

Боздошти як навраси муҳоҷир дар Русия бо гумони куштор ва сӯиқасд ба ҷони дигарон

Мақомоти тафтишотии Русия аз боздошти як шаҳрванди хориҷии 16-сола бо гумони куштор ва сӯиқасд ба ҷони ду нафар дар вилояти Маскав хабар доданд.

Олмон мехоҳад боз як паноҳҷӯйи дигари тоҷикро истирдод кунад

Мақомоти Олмон рӯзи 8-уми июн паноҳҷӯйи тоҷик, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Асадулло Бобоевро ҳамроҳ бо писараш Муҳаммад Бобоев дар шаҳри Крайс Клеве боздошт карданд.