7.9 C
Dushanbe

Росту дурӯғи Барқи тоҷик

Масъулони Ширкати “Барқи тоҷик” дар бораи ҷорӣ шудани лимити интиқоли нерӯи барқ дар Кӯлоб рост, вале дар Душанбе дурӯғ мегӯянд.

Сокинони аксар манотиқи Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи марказ мегӯянд, ки рӯзона аз 08:00 субҳ то 17:30 ё 18:00-и бегоҳ ва шабона аз соати 22:00 то 05:00 саҳар барқ надоранд.

Аммо 13-уми август,

Барқи тоҷик сабаби қатъ шудани нерӯи барқро шарҳ дода ба ин хабаргузории расмии кишвар гуфтааст:

«Дар давраи тайёрӣ ба зимистон ва омода намудани низоми энергетикии кишвар ба зимистон, аз ҷумла буридани шохаҳои дарахтон ва аз дигар монеаҳо озод намудани хатҳои интиқоли барқ, инчунин гузаронидани корҳои профилактикӣ дар зеристгоҳҳои хурду калон ва дигар таҷҳизоти интиқоли барқ дар баъзе қитъа ва ноҳияҳо дар соатҳои муаяйн имкон дорад, ки интиқоли барқ қатъ карда шавад. Хотиррасон менамоем, ки ин тадбир зарурист ва ҳар сол дар ибтидои зимистон гузаронда мешавад.»

Аммо пеш аз ин дар ҳамин рӯз, яъне 13-уми октябр сомонаи Пайк хабар дод, ки Ғайратшо Маҳмуродзода, Сардори муассисаи филиали шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Кӯлоб гуфтааст, ки “аз шӯъбаи Танзими ширкати Барқи тоҷик занг зада гуфтанд, ки дар минтақа лимит аз соати 8 саҳар то 17-30 дақиқаи бегоҳ ҷорӣ кунед. Дигар мушаххасан нагуфтанд, ки шабонгаҳ аз соати чанд то чанд барқро хомӯш мекунанд.”

Ҳамзамон корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, дар ҳоли ҳозир ба ҷуз дар бузургшаҳрҳо ба мисли шаҳри Душанбе, шаҳри Хуҷанд, шаҳри Кӯлоб, шаҳри Бохтар, ки интиқоли нерӯи барқ ба нудрат қатъ мешавад, вале дар дигар манотиқи кишвар рӯзона ба ҳисоби миёна 17-18 соат мардум барқ надоранд.

Пеш аз ин расонаҳои матраҳи Тоҷикистон ба мисли “Радиои Озодӣ“, “Азия Плюс“, “Аздо тв“, “Паём” ва дар умум хеле аз корбарони шабкаҳои иҷтимоӣ ҳанӯз як ҳафта зиёдтар мешавад, ки дар бораи ҷорӣ шудани лимити барқ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон хабару гузориш додаанд.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба кишварҳои Афғонистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон бидуни вақфа ва ҷорӣ кардани лимит барқ мефурӯшад, аммо барои шаҳрвандони худ рӯзона дар ин фасли сол 6-7 соат барқ дода, 17-18 соати дигар сокинони кишварро аз истифодаи нерӯи барқ маҳрум мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.