Мардум: лимит ҷорӣ шудааст, мақомот инкор мекунад

Мушкилоти бебарқӣ дар Тоҷикистон боз оғоз шудааст. Ба гуфтаи сокинони ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Суғд лимити зимистона дар Тоҷикстон як ҳафта боз оғоз шудааст.

Акс аз “Азия-Плюс”

Баъзе сокинон аз вилояти Хатлон дар тамос ба Аздо тв хабар доданд, ки беш аз як ҳафта мешавад рӯзона барқ надоранд ва мисли солҳои пешин аз соати 5-и бегоҳ то 8-и субҳ барқ доранд. Ва дар баъзе ҳолатҳо аз ин ҳам камтар барқ дода мешавад.

Лимити навбатии барқ дар Тоҷикистон дар ҳоле оғоз мешавад, ки ҳафтаи гузашта масъулони Вазорати энергетика гуфта буданд, сатҳи об дар обанбори “Норак” ба андозаи лозимӣ ҷамъ шудааст. Бино ба иттилои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон аз аввали моҳи октябр ҷараёни об дар дарёи Вахш хуб ба назар мерасад ва ба тавлиди нерӯи барқи лозимӣ барои аҳолии кишвар кофӣ аст.

Масъулони вазорат гуфтанд, ки воридшавии об ба дарёи Вахш ва ҳаҷми захираи обанборҳо имкон медиҳад, ки истеҳсоли муътадили нерӯи барқ ​​барои қонеъ кардани талаботи дохилӣ ва содироти он дар ҳаҷми хурд имконпазир гардад.

Аммо ба навиштаи Радиои Озодӣ масъулони ширкати “Барқи тоҷик”-ягона ширкати барқрасон дар Тоҷикистон ҷорӣ шудани лимитро рад карда, ин мушкилии бебарқиро ба тайёрӣ ба зимистон ва таъмири дастгоҳҳо рабт додаанд. Ин баҳонаест, ки ҳамасола мақомти ширкати “Барқи тоҷик” барои рад кардани лимити барқ пеш меоранд. Аммо воқеияти ҳол нишон медиҳад, ки қариб дар тамоми кишвар лимит ҷорӣ шудааст.

Як коршинос, ки нахост номаш зикр шавад, ба Аздо тв гуфт, омодагӣ барои зимистон ва тармими дастгоҳҳои барқрасон тибқи қоидаи маъмули давлатдорӣ набояд дар охири тирамоҳ ва ё аввали зимистон оғоз намешавад. Тибқи нақшаҳо бояд дар тобистон ин мушкилот бартараф карда шаванд то дар зимистон мардум бебарқ намонанд.

Ин коршинос афзуд, чунин баҳонаҳо ё далели ноуҳдабароии масъулон аст ва ё баҳоне беш нестанд. Ва аз масъулон

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Литва қабули дархости нави муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказиро боздошт

Давлати Литва қабули дархостҳои нави муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказиро боздошт.

Русия қоидаҳои ҷалби муҳоҷирони кориро сахттар мекунад

Вазорати меҳнати Русия пешниҳод кардааст, ки аз соли 2027 дар баъзе соҳаҳо шумори коргарони хориҷӣ дар 10 минтақаи кишвар коҳиш дода шавад.

Музокироти Амрико ва Эрон дар ҳошияи нишасти СММ: Оё сулҳе дар роҳа аст?

Амрико ва Эрон рӯзи 22-уми сентябр дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк тавассути миёнаравҳо музокирот анҷом доданд.

Русия интиқоли дизелро ба Тоҷикистон афзоиш дод

Моҳи августи соли 2026 Русия ба Тоҷикистон беш аз 56 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ интиқол додааст.