Оғози даргирии шадид байни Арманистону Озарбойҷон

Рӯзи сешанбе 16-ноябр байни нерӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон таниши ҷадид ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа он ба задухӯрди шадиди ҷонибҳо оварда расонд. Ҳарду ҷониб якдигарро дар оғози ҷанг айбдор мекунанд.

Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳо хостори эълони оташбаси фарӣ шуданд. Арманистон аз Русия хост барои эҷоди оташбас мудохила кунад.

Вазорати дифои Арманистон шоми сешанбе эълом кард, ки бо миёнҷигарии Русия ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, ки тирандозӣ дар марзи шарқии Арманистон хотима дода шавад.

Бино ба гузориши “Ройтерз” ба нақл аз намояндаи Парлумони Арманистон дар ин ҷанг 15 сарбози Арманистон ҷон бохта беш аз 10 нафар асир шудаанд. Ҷониби Озарбойҷон танҳоаз захмӣ шудани ду сарбозаш хабар дод. Дар ҳоле, ки нерӯҳои арманӣ мегӯянд, ба нерӯҳои озарбойҷонӣ талафоти сангин ворид кардаанд.

Гуфта мешавад, барои ба эътило овардани вазъ худи Раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо мақомоти ду тараф вориди гуфтугӯ шудааст. Арманистон иддао дорад, заминҳояш аз ҷониби Озарбойҷон ғасб шудаанд ва аз Русия хоста, ки аз тамомияти арзии Арманистон тибқи тавофуқномаи соли 1987 (дифоъи мутақобил) ҳимоят кунад.

Русия дар Арманистон пойгоҳи низомӣ дорад ва инчунин Нерӯҳои ҳофизи сулҳаш низ дар Қарабоғи Кӯҳӣ мустақаранд.

Соли гузашта низ бар сари минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ байни ин ду кишвари ҳамсоя ҷанги хунине сурат гирифт, ки бо кушта шудани 6500 нафар дар ин минтақа ва шикасти Арманистон анҷом ёфт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.