Иттиҳоди Аврупо 40 ҳазор паноҳҷӯи Афғонистонро мепазирад

Кумиссари умури дохилии Иттиҳоди Аврупо эълом кардааст, ки 15 кишвари узви ин иттиҳодия барои пазириши ҳудуди 40 ҳазор паноҳҷӯи Афғонистон эъломи омодагӣ кардаанд.

Ба навиштаи “DW“, Олмон гуфтааст, ки дар солҳои 2021-2022 омодааст, ки аз ҷамъи ин 40 ҳазор паноҳҷӯи Афғонистон 25 ҳазор нафари онҳоро бипазирад.

Гуфтанист, пас аз суқути ҳукумати пешини Афғонистон ва фирори Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури фирории ин кишвар дар 15-уми августи соли ҷорӣ ва хурӯҷи нерӯҳои НАТО кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ҳудуди 28 ҳазор нафар аз ҳамкорони афғон ва хонаводаҳои онҳоро ба ҳайси паноҳҷӯ аз Афғонистон хориҷ карда буданд.

Аммо бо гузашти наздик ба чор моҳ аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ва бад шудани авзоъи иқтисодӣ дар ин мамлакат кишварҳои узви НАТО пайваста талош доранд, ки собиқ ҳамкорон ва касоне, ки бо созмонҳои зери ҳимояи онҳо ҳамкорӣ доштанд, хориҷ кунанд. Иқдоме, ки аз сӯи хеле мухолифон ва мувофиқони Толибон борҳо маҳкум шуда, кившарҳои узви НАТО-ро ба қочоқи мағзҳо аз Афғонистон муттаҳам кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро хонандагони мактабҳои Фаронса ба кӯчаҳо баромаданд?

Эътирозҳои хонандагони мактабҳои миёна дар Фаронса, ки аз нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз шуданд, то ҳол идома доранд.

Дастури нави Вазорати маориф барои ҷалби омӯзгорон ба корҳои ғайритаълимӣ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба сохторҳои зертобеи худ дастур дода, ки омӯзгорон ба корҳои берун аз фаъолияти таълиму тарбия ҷалб карда нашаванд.

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ҳукми боздошти раҳбарони Толибонро содир кард

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ДБҶ) ҳукми боздошти чаҳор мақоми баландпояи Толибонро содир кард.

Оё дар Душанбе об ҳам “лимит” шудааст?

Сокинони шаҳри Душанбе аз қатъшавии пайдарпайи оби нӯшокӣ шикоят доранд