10.9 C
Dushanbe

Русия ҳамроҳони Амриддинро раҳо кард, вале маълум нест ӯ дар куҷост

Хадамоти махсуси амнияти Русия 11-уми январ Амриддин Аловатшоев ва 7 нафар ҳамороҳонашро боздошт кард, баъди чанде ҳамроҳонаш озод шуданд, вале макони боздошти Амриддин то ҳол маълум нест.

Акс аз манобеи озод

Пойгоҳи иттилоърасонии “Памир Дайли Нюс“, ки ахбори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ ва пӯшиш медиҳад, хабар дод, ки “маълумот дар бораи боздошти Амриддин Аловатшоев тасдиқ шуд. Ҳафт нафаре, ки ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, дирӯз раҳо шуданд.”

Ба гуфтаи ин манбаъ, Амриддин ва ҳамроҳонаш (8 нафар) рӯзи 11 январ дар шаҳри Белгород аз ҷониби кормандони Хадамоти махсуси амният (ФСБ)-и Русия боздошт шуда буданд. Баъди чанде Амриддин Аловатшоевро аз дигар боздоштшудаҳо ҷудо карданд ва дар ҳоли ҳозир макони будубоши ӯ маълум нест.”

Пештар ин пойгоҳи иттилоърасонӣ хабар дода буд, ки яке аз раҳбарони бонуфузи мардуми Бадахшон Амриддин Аловатшоев рӯзи 12-уми январи соли ҷорӣ аз Маскав рабуда шуд.  

Мақомоти интизомии Тоҷикистон пас аз эътирози беш аз ҳазор нафараи сокинони ВМКБ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ки дар пай қатли Гулбиддин Зиёбеков сурат гирифта буд, ба таъқиби Аловатшоев шуруъ карданд.

Пас аз чанд соати гирдиҳамоӣ расонаҳои Русия хабаре нашр карданд, ки гуфта мешуд, Аловатшоев бо гумони таҷовуз ба номус таҳти пайгард қарор дорад. Худи Амриддин ин иттиҳомотро рад мекунад.

Дар миёни диаспораҳои сокинони ВМКБ дар Русия Амриддин эътибори зиёд дорад. Ӯро марди дорои обрӯву эътибор ва ҳамеша омодаи дастгирии ҳамватанон медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд

Субҳи рӯзи 28-уми феврали соли 2026 Амрико дар ҳамроҳӣ бо Исроил ҳамлаҳои низомии худро бар зидди Эрон оғоз карданд.

Баррасии лоиҳаи қонуни зидди “анклавҳои муҳоҷирон” дар Думаи давлатӣ

Баъзе аз вакилони Думаи давлатии Русия мехоҳанд, ба мақомоти маҳаллӣ ҳуқуқ дода шавад, ки тавонанд мустақилона дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ қарори дахлдор қабул кунанд.

Даргириҳои шидиди низомӣ байни Покистону Афғонистн

Субҳи рӯзи ҷумъа, 27-феврал нерӯҳои ҳавоии Покистон ба шаҳри Кобул ва 4 вилояти дигари Афғонистон ҳамлаҳои густарда анҷом доданд.

Дар соли 2025 беш аз 2 миллион сайёҳ аз Тоҷикистон боздид кардаанд

Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон бо нашри оморе мегӯяд,...