34.9 C
Dushanbe

Роҳи пулакии Душанбе-Хуҷанд ду рӯз боз баста аст

Ду рӯз мешавад, ки роҳи Душанбе-Хуҷанд баста аст ва ронандгон дар байни ин шоҳроҳ дармондаанд.

Ширкати IRS (Innovative Road Solutions LTD), ки масъули пулчинӣ ва нигоҳдории роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аст, дирӯз 16-уми январ ба далели фаромадани тарма ва шароити номусоиди ҳаво аз муваққатан баста шудани ин роҳ хабар дод.

Давоми ду рӯз аст, ки ҳаракати тамоми мошинҳо аз ҷониби Душанбе дар километри 39-ум ва аз тарафи Хуҷанд дар километри 81-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ масдуд аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии IRS, дар ҳоли ҳозир кормандони ин ширкат ҳамроҳ бо дигар сохторҳои масъул тармаро бартараф намуда, роҳро тоза ва дар роҳҳо маводи зиддилағзиш мепошанд.

Ширкати IRS гуфтааст, ки аз кушода шудани роҳ гузориш хоҳанд дод.

Роҳи Душанбе – Чаноқ дар Тоҷикистон ягона роҳи пулакӣ маҳсуб мешавад, ки пойтахтро ба шимоли кишвар мепайвандад. Ин роҳ соли 2009 бо сармоягузории як ширкати чинӣ бо маблағи 296 млн доллари амрикоӣ бозсозӣ шуда, соли 2010 ба кор оғоз кард.

Мусофирон ва мусофиркашон ҳамеша шикоят мекунанд, ки масъулини ширкат аз мошинҳое, ки аз ин роҳ истифода мекунанд, маблағи ҳангуфт мегирад, аммо роҳ ба меъёрҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ нест. Ба хусус нақбҳои торику роҳҳои ноҳамвори он. Ва ҳамасола даҳҳо мошин дар ин роҳ садама мекунад ва ё аз баландӣ ба поён сарозер мешавад, ки боиси марги шаҳрвандон мегардад.

То ҳол ҳукумати Тоҷикистон моликони асосии ин ширкатро ошкор намекунад. Инчунин маълум нест, ки даромади ин роҳ дар куҷо ва чӣ гуна масраф мешавад.

Коршиносони мустақил ҳадс мезананд, ки зоҳиран даромади роҳи мазкур ба ҷайби яке аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмон, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон меравад. Вале аз намояндагони Ҳукумат касе омода нест дар ин бора чизе бигӯяд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп: Байни Украина ва Русия ба ин зудиҳо сулҳ шуданӣ нест

Дафтари матбуоти президенти Русия хабар дод, ки рӯзи чоршанбе, 4-уми июни соли ҷорӣ гуфтугӯи раисҷумҳурони Амрико ва Русия баргузор гашт.

Рустам аз “имтиҳон”-и Кремл гузашт?

Сафари ахири Рустами Эмомалӣ ба Маскав ва дидору мулоқотҳои вай бо роҳбарони Русия баҳсу тахминҳои зиёдеро дар байни коршиносон ба вуҷуд овардааст.

Нишасти сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанбе

5-уми июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад.

Ҷаримаи шаш мансабдор барои партовкашонӣ дар Бохтар

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар дар 5 моҳи гузашта 6 мансабдорро барои нақзи қоидаҳои партовкашонӣ беш аз 18 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст.