15.9 C
Dushanbe

Таҳқиқи парвандаи Гулбиддин Зиёбеков аз сар гирифта мешавад

Тафтиш ва таҳқиқи парвандаи Гулбиддн Зиёбеков дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз вақфаи 18-рӯза дубора аз сар гирифта мешавад.

Имрӯз, 17-уми январ сомонаи “Радиои Озодӣ” дар як гузориши худ ба нақл аз додситонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, ки муфаттишон ду рӯз пеш аз Душанбе ба Хоруғ рафтаанд. “Ҳоло тасмим доранд, бар асоси нақша ҳодисаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқаъла ва марги Гулбиддин Зиёбековро баррасӣ кунанд.” .

Ба иттилои манбаъ, “ба гурӯҳи тафтишотӣ шаш узви ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон ворид шудаанд ва ба ҷараёни таҳқиқи ҳодисаҳо мадад мерасонанд.”

Хабари дубора аз сар гирифтани тафтишот ва таҳқиқи парвандаи Гулбиддин Зиёбеков ва дигар ҳодисаҳои рӯзҳои 25-28-уми ноябр дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар асари онҳо ду нафар кушта ва 17 тани дигар аз тири кормандони мақомоти қудратӣ захмӣ шуданд, на танҳо сокинони ин вилоят, балки хеле шаҳрвандони Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷ аз кишвар нигарон кардааст.

Пеш аз ин, дирӯз, 16-уми январи соли ҷорӣ Фаъолони мадании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, ки вазъият дар ин вилоятро зери назорати худ бигирад.

Ба гуфтаи онҳо “тафтиш ва таҳқиқи парвандаҳои қатли Гулбиддин Зиёбеков ва ду тани дигар аз кушта шудагони ҳамоишҳои эътирозии сокинони вилоят ва 17 захмӣ, ки бо тири мақомот дар рӯзҳои 25-28-уми ноябри соли 2021 қурбонӣ шуданд, муваққатан аз 30-уми декабр аз ҷониби мақомот қатъ карда шудаанд.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

75 тонна кумаки башардӯстонаи Амрико ба Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 75 тонна кумаки озуқаворӣ ба маблағи беш аз 255 ҳазор доллар фиристод.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси порлумони Қирғизистон

Гурӯҳе аз намояндагони парлумони Қирғизистон ба Тоҷикистон сафар карда, бо намояндагони парлумони кишвар ва Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карданд.

Тоҷикистону Русия масъалаи муҳоҷиронро дар Сочи баррасӣ карданд

Дар нишасте миёни намояндагони Тоҷикистону Русия пешниҳод шуд, ки муҳоҷирони тоҷик пеш аз сафар ба Русия аввал аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Даҳ сол пас аз боздошти раҳбарони ҲНИТ: Нигарониҳо, паёмадҳо ва умедҳо

Даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони ҲНИТ аз ҷониби мақомот ва маъмурони Эмомалӣ Раҳмон боздошт гаштанд.