32.9 C
Dushanbe

Муроҷиати фаъолони Бадахшон ба Эмомалӣ Раҳмон

Фаъолони мадании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, ки вазъият дар ин вилоятро зери назорати худ бигирад.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Бадахшон таъкид мекунанд, ки зиёда аз як моҳ мешавад мардуми вилоят аз дастарсӣ ба Интернет маҳрум ҳастанд, вале телевизиони вилоятӣ пайваста сокинони шаҳри Хоруғ ва дар умум бошандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро сиёҳ мекунад.

Ин фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъкид мекунанд, ки тафтиш ва таҳқиқи парвандаҳои қатли Гулбиддин Зиёбеков ва ду тани дигар аз кушта шудагони ҳамоишҳои эътирозии сокинони вилоят ва 17 захмӣ, ки бо тири мақомот дар рӯзҳои 25-28-уми ноябри соли 2021 қурбонӣ шуданд, муваққатан аз 30-уми декабр аз ҷониби мақомот қатъ карда шудаанд.

Муроҷиаткунандагон хитоб ба Президенти Тоҷикистон мегӯянд, “халқи таҳаммулпазири Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамоми мушкилиҳоро бо сари баланд мегузаронад ва ҳукуматро ҳаматарафа ҷонибдорӣ ва дастгирӣ менамоянд.”

Фаъолони ВМКБ таъкид мекунанд, ки бо вуҷуди паст будани хадамоти маишӣ, гарон будани нархи маҳсулоти хӯрока ва сӯзишворӣ, гарон будани нархи нерӯи барқу вайрон будани роҳҳо ва баландатарин сатҳи бекорӣ нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мардум суботу оромиро ҳифз мекунанд.

Онҳо меафзоянд, “аммо рӯи рост мардуми осоиштаро паррондан ва аз тарафи мақомотҳои қудратӣ бо ҳар ҳуқуқвайронкунии на чандон вазнин доғдори судӣ намудани ҷавонон ва бадном ва сиёҳ намудани мардуми ВМКБ дар умум аз тариқи васоити ахбори омма, фишороварӣ ба кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, соҳибкорон, донишҷӯён ва дигар табақаҳои ҷомеа дар умум аз ҳамаи чаҳорчӯби тоқатпазирӣ ва таҳаммулпазирӣ гузаронида ва бароварда шудааст.”

Фаъолони Бадахошонӣ Эмомалӣ Раҳмонро марди сулҳовар хонда, мегӯянд, ки ҷонбозиҳоят барои сулҳофарӣ ҷои қадрдонӣ аст, вале сулҳро пойдор нигаҳ доштан кори душвортар аст. Онҳо мақомот ва сохторҳои қудратии вилоятро ба халалдор кардани суботи ҷомеа на танҳо дар вилоят, балки дар миқёси ҷумҳурӣ муттаҳам карда, мегӯянд, корҳое, ки онҳо анҷом додаанд, субот ва оромии ватани азизамонро халалдор менамоянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.

Санги қабри Мамадбоқировро канданд

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон санги рӯи қабри...

Киев ва Маскав ҳар ду мавриди ҳамла қарор гирифтанд

Тайи се рӯзи ахир Русия ҳамлаҳои худ алайҳи Украинаро афзоиш додааст, вале Маскав ҳам субҳи имрӯз мавриди ҳамла қарор гирифт.

Бонки миллӣ мизони таваррум дар кишварро эълон кард

Тибқи нишондодҳои расмӣ, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар 8 дарсад рушд карда, сатҳи таваррум 2,3 дарсадро ташкил додааст.