22.9 C
Dushanbe

Лаҳистон бо харҷи $370 млн ниме аз марзашро симхорбандӣ мекунад

Лаҳистон қасд дорад бо харҷи якуним миллиард злотӣ (наздик ба 370 миллион доллар) ниме аз марзи худ бо Беларусро симхорбандӣ карда, ба хотири пешгирӣ аз вуруди ғайриқонунӣ назорат дар сарҳадро пурзӯр кунад.

Кумитаи марзбонии Лаҳистон хабар дод, ки дирӯз, 25-уми январ 12 нафар муҳоҷири ироқӣ, суриягӣ ва лубнониеро дар марз бо Беларус боздошт кардаанд, ки сарҳадро ғайриқонунӣ убур кардаанд.

Пеш аз ин Кумитаи марзбонӣ бо нашри як навор иттилоъ дод, ки Лаҳистон қасд дорад 186 километри марзи муштараки худ бо Белорусро симхорбандӣ кунад. Ин бузургатин тарҳ дар торихи ин кумита ба ҳисоб рафта, Лаҳистон барои бунёди ин девор якуним миллиард злотӣ (ҳудуди 370 миллион доллар) харҷ мекунад.

Ба гузориши ин манбаъ, мақомоти Лаҳистон қасд доранд, ки аз 418 километр марзи муштарак бо Беларус 186 километрашро бо симхор девор бикашанд. Баландии ин девор 5 метар ва паҳнойи он 0,5 метр гуфта шудааст.

Инчунин мақомоти Лаҳистон таъкид кардаанд, ки ба хотири муҳофазат ва осон шудани кори марзбонон деворҳои сохта шуда бо дурбинҳои мадорбаста муҷаҳҳаз гардида, ба хотири пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ назорат дар сарҳад пурзӯр карда мешавад.

Муносиботи кишварҳои Лаҳистон ва Беларус дар соли 2021 хеле сард шуд. Баларус Лаҳистонро ба пуштибонӣ аз мухолифони Александ Лукашенко муттаҳам мекунад ва Лаҳистон Беларусро ба ирсоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ.

Инчунин Лаҳистон дар соли гузашта ҳазор муҳоҷири ғайриқонуниро, ки аз тариқи хоки Беларус ба ин кишвар ворид шуданд, боздошт кард. Дар байни муҳоҷирони боздоштшуда, натанҳо паҳонҷӯёни кишвраҳои арабӣ, африқоӣ, эронӣ ва афғонӣ буданд, балки намояндаҳои кишварҳои Осиёси Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ҳам кам набуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кушта шудани як хабарнигори лубнонӣ дар пайи ҳамлаи ҳавоии Исроил

Рӯзноманигори лубнонӣ Омол Халил дар пайи як ҳамлаи ҳавоии Исроил дар ҷануби Лубнон кушта шуд.

Дар 20 рӯзи мавсими даъвати сарбозӣ нақша қариб 90% иҷро шуд

Дар давоми се ҳафтаи оғози мавсими даъвати навсарбозон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар нақша дар тамоми ҷумҳурӣ қариб 90 дарсад анҷом ёфтааст.

Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 8% эълон шуд

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши 8-дарсадии иқтисоди кишвар дар се моҳи аввали соли 2026 хабар медиҳанд.

Падару писар дар як майдон бозӣ мекунанд?

Ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду, ки дар ҳайати бошгоҳи саудии "Ал-Наср" бозӣ мекунад, мумкин аст дар мавсими оянда бо писараш дар як даста ба майдон барояд.