Вокуниш: ҲНИТ гуфт, ВКД моро туҳмат мекунад

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иддаъои Вазорати корҳои дохилӣ дар хусуси даст доштани аъзои ин ҳизб дар актҳои террористӣ дар Тоҷикистонро рад карда, онҳоро иттиҳоми навбатии мақомот хонд.

Шоҳнаими Карим, муовини Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар суҳбат бо АЗДО ТВ гуфт, “ҲНИТ ҳеч гоҳ бо ДИИШ ва дигар созмонҳои ҳаросафкан ҳамкорӣ надошт, надорад ва нахоҳад кард. Ин иддаъои мақомот дурӯғ аст. Мо расман фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 2015 қатъ кардаем ва дигар то кунун онҷо ҳеч нерӯи фаъоле надорем, ки амал кунанд.”

Муоивини Раиси ҲНИТ афзуд: “Вақте ҲНИТ дар Тоҷикистон фаъолият намекунад, ин туҳмат аст, ки гӯё дар соли 2021 аъзои ҲНИТ дар ҳамкорӣ бо ДИИШ, ки аслан моро қабул надоранд, дар Тоҷикистон даст ба амалҳои террорисие зада бошанд.”

Шоҳнаими Карим, муовини Раиси Ҳизби наҳзати исломӣ бар ин назар аст, ки мақомоти Тоҷикитсон баъзан ба хотири ба дом андохтани ҳамкорони худ ва ё зарба задан ба мухолифин даст ба амалҳои характери террористидошта мезананд ва ба мардум ва расонаҳо дурӯғ гуфта, корҳо ва ҷиноятҳои худро ба номи дигарон сабт кардан мехоҳанд, ки ин амалҳо аз нигоҳи ахлоқӣ туҳмат ва аз нигоҳи қонунӣ ҷиноят дониста мешаванд.

Пеш аз ин Раёсти ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ Шодӣ Ҳафиззода дар нишасти матбуотии ин вазорат гуфта буд, ки “дар давраи ҳисоботии соли 2021 4 амали сӯиқасди террористӣ ба қайд гирифта шуданд. Амалҳои террористӣ ба вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Ваҳдат рост меояд. Асосан амалҳои террористӣ аз ҷониби аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Паймони миллӣ дар якҷоягӣ бо аъзои ДИИШ ба нақша гирифта шуда буданд.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти сокинони Душанбе аз ронандагони “Ҷӯра таксӣ”

Сокинони пойтахт аз беэҳтиромии ронандагони "Ҷӯра таксӣ" ба мусофирон, дашномдиҳӣ ва дигар мушкилот шикоят мекунанд.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Сеул бори аввал раҳбарони Осиёи Марказиро гирди як миз ҷамъ меорад

Дар Сеул барои бори аввал нишасти якҷояи Кореяи Ҷнубӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Сарбози хориҷӣ дар ҷанг: ҷангҷӯе, ки баргаштанаш ба нафъи давлат нест

Тибқи тахминҳое, ки хадамоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Украина ва бунёдҳои машғул ба таҳқиқи ин масъала мезананд, дар артиши Русия ҳудуди 40-50 ҳазор хориҷӣ меҷанганд.