Эълони оташбас дар Украина

Вазорати мудофиаи Русия дар панҷ шаҳри Украина муваққатан “режими хомӯшӣ” ё оташбас эълон кардааст.

Вазорати мудофиаи Русия бо нашри як иттилоия дар саҳфаи Телеграмии худ эълон кард: “Имрӯз аз соати 10:00 ба вақти Маскав барои бехатар кӯчонидани мардуми осоишта аз маҳаллаҳои аҳолинишин “режими хомӯшӣ” ҷорӣ шуда, долонҳои гуманитарӣ аз Киев, Чернигов, СУМ, Харков ва Мариупол боз мешаванд.”

Вазорати мудофиаи Русияи дар бораи муҳлати замонии оташбас дар иттилоияи худ чизе нагуфтааст. Инчунун зикр накардааст, ки масири ин “долонҳои гумунитарӣ”-и боз шуда, паҳонҷӯёнро то сарҳади кадом минтақаи ором ва ё сарҳади ҳамсоякишварҳои Уркаина мерасонад.

Аммо Садои Олмон мегӯяд, ки Вазорати мудофиаи Русия масирҳои ин “долонҳои гуманитарӣ”-ро ба самти Русия ва Белорус боз кардааст.

Аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина 14 рӯз мегузарад. Русия субҳи 24-уми феврали соли 2022 ҳамлаҳои худ ба Украинаро оғоз карда буд. Ба гуфтаи Созмони Миллали Муттаҳид дар муддати ин 14 рӯзи ҷанг дар Украина наздик ба 2 миллион нафар муҳоҷир шудааст.

Русия мегӯяд, ки замоне қатъ хоҳад кард, ки Украина пайвастани Қримро ба хоки Русия расман бишносад ва истиқлолияти “Ҷумҳурии халқии Луганск” ва “Ҷумҳурии халқии Донетск”-ро эътироф карда, бо ворид кардани тағйирот дар Сарқонуни ин кишвар аз пайвастан ба НАТО ва дигар блокҳои низомӣ худдорӣ варзад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон – майдони рақобати Эрон ва Исроил

Гузориши "Эрон Интернешнл" аз ъумқи нуфузи ҷосуси Исроил дар сохтори молӣ ва низомии Эрон хабар медиҳад.

Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 нисбат ба кишварҳои ҳамсоя сусттар хоҳад буд

Бино ба гузориши нави Конфронси савдо ва рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNCTAD), иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ метавонад 6,6 дарсад рушд кунад.

Қонуни нави муҳоҷират дар Тоҷикистон: оё мушкилоти муҳоҷирон ҳал мешаванд?

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд раванди муҳоҷиратро рақамӣ карда, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кориро тақвият ва сатҳи муҳоҷиратро коҳиш диҳанд.

Манъи ҳиҷоб дар мактабҳо Озабойҷон баҳсҳои навро ба миён овард

Дар Озарбойҷон пас аз ҷорӣ шудани қоидаҳои нави либоси мактабӣ, масъалаи пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ баҳсбарангез шудааст.