9.9 C
Dushanbe

БОР: Соли ҷорӣ интиқоли маблағи муҳоҷирон то 50% коҳиш меёбад

Бонки осиёии рушд дар гузориши ахираш баён дошт, ки давоми соли 2022 интиқоли маблағи муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон то 50 дарсад коҳиш меёбад.

Тавре “Азия-Плюс” ба нақл аз гузориши БОР хабар медиҳад, гузоришгарон дар пешгӯии худ сабаби коҳиши интиқоли маблағи муҳоҷиронро ба беқурбшавии рубли русӣ дар натиҷаи таҳримҳои иқтисодии Ғарб алаҳи Русия ва кам шудани ҷойҳои корӣ рабт медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, чунин ҳолат, яъне беқурбшавии рубл ва аз даст додани ҷойҳои корӣ, боиси мегардад, муҳоҷирон Русияро тарк кунанд ва ба Тоҷикистон баргарданд.

Ба гуфтаи таҳлилгарони БОР ҳатто дар сурати таъмини ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирон ба мисли пештара ҳам баргардад, ҳаҷми интиқоли пул дар соли 2023 ба миқдори 10% барқарор шуда метавонад.

Пештар низ бархе коршиносон ҳадс мезаданд, ки бар асари таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Русия қисми зиёди муҳоҷирони тоҷик ҷойҳои кории худро аз даст медиҳанд ва дар натиҷа ё ба ватан бармегарданд ва ё ба кишварҳои дигар барои кор ҷустан сафар мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои шадиде алайҳи Русия ҷорӣ карданд ва дар баробари ин аксари ширкатҳои иқтисодии бонуфузи ҷаҳонӣ бозори Русияро тарк карданд, ки дар натиҷа зиёде аз муҳоҷирон ҷойҳои кории худро аз даст доданд. Ба гуфтаи коршиносон, аз сабаби зиёд будани қувваи кории Тоҷикистон дар Русия зарбаи аввалин ва сахттарини ин таҳримҳо аввалан ба хонаводаҳои тоҷик мерасад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Додгоҳ раҳбарони “Гурӯҳи 24”-ро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард

Додгоҳи шаҳри Душанбе раҳбари "Гурӯҳи 24" Суҳроби Зафар ва узви ин гурӯҳ Насимҷон Шарифовро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Раиси пулис бо иттиҳоми таҷовуз ба номус боздошт шуд

Сардори милисаи ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат аз ҷониби маъмурони Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт шудааст.

Русия барои муҳоҷирон маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карданист

Дар Русия гирифтани иҷозаи иқомат (ВНЖ) барои муҳоҷиронро мехоҳанд...

3 шарти русҳо ба муҳоҷирони зиндонӣ

Мақомоти Русия садҳо зиндонии шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистонро маҷбур...