Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ба Афғонистон зиёдтар кумак кунед

Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар умури Афғонистон вазъияти минтақаро баррасӣ карда, хостори афзоиши кумакҳо шуд.

Акс аз Хадамоти Президент

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, субҳи имрӯз, 8-уми апрели соли 2022 “Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон ҷаноби Томас Никлассонро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.”

Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро ҷиҳати расонадани кумакҳо тавассути имкониятҳои лоҷистикии кишвар изҳор дошта, “зарурати ҳарчӣ зудтар афзоиш додани ҳаҷми кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистонро таъкид карда” аст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар умури Афғонистон бар иловаи масоили Афғонистон атрофи дигар масоил низ гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, бо гузашти наздик ба 8 моҳ аз фирори Ашраф Ғанӣ, собиқ президенти Афғонистон ва сари қудрат омадани Толибон дар ин кишвар, ҳар чанд Русияву Чин ва Туркманистону Покистон сафирони Толибонро дар кишварҳои худ ба ҳузур пазируфтаанд, вале ҳамоно ҳеч кишвари дунё расман эълон накардааст, ки Аморати исломиро расман эътироф мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро Русия ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ пушт гардонд?

Дар ҳоле, ки Русия шадидан ба қувваи корӣ ниёз...

Баҳси бесобиқа дар футбол: Ҷоми ҷаҳон ё Инфантино?

Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) ва ҳамаи 55 федератсияи...

Чин дар Душанбе корхонаи муосири коркарди партов месозад

Мақомоти Тоҷикистон раванди ҷалби сармоя ва технологияҳои чиниро барои...

Афзоиши норасоии ҷойҳои нишаст дар мактабҳо бо вуҷуди таъсиси 85000 ҷойи нави нишаст

Вазорати рушди иқтисод ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон барои бештар...