7.9 C
Dushanbe

Болоравии қурби рубли русӣ дар баробари арзҳои ҷаҳонӣ

Бархе коршиносон мегӯянд, эҳтимол меравад дар давоми соли ҷорӣ қурби рубли русӣ дар баробари тамоми арзҳои хориҷӣ, аз ҷумла доллари ИМА ба ҳадде боло меравад, ки 6-7 сол пеш буд.

Сомонаи шабакаи Алҷазираи Қатар бо нашри як матлаб ба таҳлили ҷанбаҳои мухталифи бо суръат боло рафтани рубли русӣ дар давоми як моҳи ахир пардохта гуфтааст, ки бархе коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ бар ин боваранд, ки давоми соли ҷорӣ қурби 1$ аз 75 имрӯз то ба 40 рубли русӣ пойин хоҳад шуд.

Бар асоси додаҳои ин матлаб, таҳримҳои ғарбӣ алайҳи Русия омили асосии болоравии қурби рубли русӣ дар барорабри доллари ИМА будааст. Зеро дар ин давра чун осмони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Амрико ба рӯйи ҳавопаймоҳои Русия бастааст, ҳамҷи интиқоли мусофирон ва молу колоҳо ба шиддат поён рафта, талабот ба арзҳои хориҷӣ, ба хусус доллари ИМА евро низ хеле кам шудааст.

Аз сӯи дигар иқдомҳои ҳукумат ва Бонки марказии Русия, аз он ҷумла маҳдуд кардани интиқоли арзҳои хориҷӣ аз Русия ба дигар кишварҳо ва фурӯши фаровардҳои нафтӣ ва газ бо рубли русӣ боис шудааст, ки қурбли пули Русия боло биравад.

Гуфта мешавад, қурби рубли русӣ дар давоми 47 рӯзи ҷанги Русия бо Украина марҳилаҳои нишебу фарозҳоеро бо суръат тай кард, ки хеле аз коршиносони ҷаҳониро ба ҳайрат гузошт. Чун бар ин бовар буданд, ки ҳар чӣ қадр теъдоди таҳримҳо алайҳи Русия зиёд шавад, иқтисоди он фалаҷ ва қурбли пулаш бештар суқут мекунад, аммо ин хел нашуд.

10-уми марти соли ҷорӣ қурбли рубли русӣ пойинтарин марҳилаи суқути худро дар баробари арзҳои хориҷӣ таҷриба кард. Он замон 1 доллари ИМА бо қимати зиёда аз 135 рубли русӣ дар биржаҳои ҷаҳонӣ доду гирифт мешуд, аммо имрӯз ба марҳилае расида, ки пеш аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина қарор дошт.

Ҳамзамон Бонки миллии Тоҷикистон, ки таъинкунандаи қурби пули миллӣ-сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аст, имрӯз 11-уми апрел 1000 рубли русиро баробар ба 171,5 сомонӣ эълон кардааст. Дар ҳоле, ки 1000 рубли русӣ аз якум то ҳафтуми апрел ҳудуди 150 сомонӣ муайян шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.