Дар давоми ёздаҳ рӯзи моҳи апрел, қурби пули миллӣ-сомонӣ дар баробари рубли русӣ 12,5 % поин рафтааст.
Бонки миллии Тоҷикистон, ки таъинкунандаи қурби пули миллӣ-сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аст, имрӯз 11-уми апрел 1000 рубли русиро баробар ба 171,5 сомонӣ эълон кардааст. Дар ҳоле, ки 1000 рубли русӣ аз якум то ҳафтуми апрел ҳудуди 150 сомонӣ муайян шуда буд.
Шаҳрвандони кишвар мегӯянд, ки бонкҳо 1000 рубли нақдро бо қурби 140-144 сомонӣ ва аз ин ҳам поинтар иваз мекунанд.
Бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Ориёнбонк 1000 рубли русиро – 140 сомонӣ, Бонки Эсхата – 146 сомонӣ, Коммерсбонк – 100 сомонӣ, Амонатбонк – 138 сомонӣ, Алиф Бонк – 141 сомонӣ ва ташкилоти хурди депозитии “Ҳумо” – 158 сомонӣ харида, онро аз 139 сомонӣ то 166 сомонӣ ба фурӯш гузоштаанд.
Болоравии қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ дар ҳоле аст, ки баъди ҳамлаи Русия ба Украина рубли русӣ дар баробари асъори хориҷӣ ба шиддат пойин рафта, 1 доллар баробар ба 150 рубл ва 1000 рубли русӣ дар Тоҷикистон бо нархи 80-90 сомонӣ иваз карда мешуд. Вале аз нимаи моҳи март, баъди талаби Президенти Русия Владимир Путин дар мавриди бо рубл фурӯхтани газ, қурби рубл боз боло рафт.
Гуфтанист, қурби рубл барои оилаҳои муҳоҷирони тоҷики Русия хеле муҳим аст.
Бино ба иттилои Бонки марказии Русия, муҳоҷирони тоҷик тариқи бонкҳо соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллар пул равон кардаанд, ки 95%-и он бо рубл фиристода шудааст.