Сафари президентҳои Лаҳистон, Литва, Латвия ва Эстония ба Украина

Имрӯз, 13-уми апрел Анҷей Дуда, раисиҷумҳури Лаҳистон, Эгилс Левитс, раисҷумҳури Латвия, Гитанас Науседа, раисҷумҳури Литва ва Алар Карис, раисиҷумҳури Эстония ба Киев сафар карданд.

Акс аз www.prezydent.pl

Дар ин бора Якуб Кумох, намояндаи дафтари раҳбари Лаҳистон имрӯз, 13-уми апрел хабар дод.

Кумох, ки раисиҷумҳури Лаҳистонро ҳамроҳӣ мекунад, мегӯяд: “Ҳадафи мо дастгирӣ кардани Президент Зеленский ва ҳомиёни Украина дар лаҳзаи ҳалкунанда барои ин кишвар аст”.

Ба гуфтаи ӯ, Лаҳистон ташкилкундаи ин сафар буда, ба Украина кумакҳои логистикӣ мефиристад ва барои таъмини амнияти ин ҳамсоякишвараш талош мекунад.

Кумох таъкид мекунад, ки “Кишварҳои соҳили Балтик шарикони аслии мо дар масоили амниятӣ дар минтақа ҳастанд. Мо тасмим гирифтем, ки якҷоя ба Киев биравем”.

Сафари раисони ҷумҳуриҳои Лаҳистон, Литва, Латвия ва Эстония ба Киев нахустин сафари сарони давлатҳо ба пойтахти Украина аз замони оғози ҳамлаи Русия аст. Дуда ва Науседа бори охир бо Зеленский дар остонаи ҷанг дар Киев мулоқот карда буданд.

Пештар Матеуш Мораветский сарвазири Лаҳистон бо ҳамтоёни худ аз Чехия ва Словения дар миёнаи моҳи март ба Киев рафта бо раисиҷумҳури Украина Владимири Зеленский мулоқот карда буданд.

Чанде пеш рӯзномаи “Bild” хабар дода буд, ки раисиҷумҳури Олмон Франк-Валтер Штайнмайер бо раисони ҷумҳуриҳои Лаҳистон, Литва, Латвия ва Эстония мехоҳад аз Киев боздид кунад, аммо раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский аз мулоқот бо Штайнмайер худдорӣ кард. Худи раисиҷумҳури Олмон Франк-Валтер Штайнмайер вақти боздидаш аз Лаҳистон ин гуфтаҳоро тасдиқ кард.

Ба навиштаи “Bild”, дар ҳоли ҳозир Владимир Зеленский ба далели равобити наздики сиёсатмадори олмонӣ бо Русия дар гузашта ва аз ҷумла пуштибонии ӯ аз тарҳи “Северный поток – 2” , намехоҳад бо Штайнмайер дар Киев мулоқот кунад.

Ҳамчунин дар ҳамин моҳ раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен, намояндаи Иттиҳодияи Аврупо Ҷозеп Боррел, садри аъзами Австрия Карл Неҳаммер ва сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон аз Киев дидан карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.