15.9 C
Dushanbe

ВКД: 19 рӯшониро ба “терроризм” муттаҳам кард

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 19 нафар аз сокинони ноҳияи Рӯшонро ба “терроризм” муттаҳам карда, ки дар раъси онҳо ду нафар собиқ узви ҲНИТ будаанд.

Имрӯз, 23-уми майи соли 2022 Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо як иттилоия гуфтааст, ки онҳо дар тазоҳуроти рӯзҳои 15-18-уми майи соли 2022 дар ноҳияи Рӯшон иштирок кардаанд ва “бо ихтиёри худ ба мақомот ҳозир шудаанд”.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин нафарҳоро ба “гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва экстремистӣ-террористӣ” муттаҳам карда, гуфтааст, ки аксари онҳо узви “гуруҳи ҷиноятии Холбашев Холбаш” будаанд.

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон тамоми ин афродро ба он айбдор мекунанд, ки дар тазоҳуротҳои ахир дар ин ноҳия иштирок кардаанд. Дар парвандаи баъзе аз ин афрод гуфта шудааст, ки “иштирокчии тазоҳуроти соли 2012 дар ҳудуди ВМКБ мебошад”.

Ин 19-нафаре, ки ВКД онҳоро ба “гурӯҳи ҷиноятӣ ва экстримистӣ-террористӣ” муттаҳам кардааст, зиёда аз 70 дарсади онҳо дар гузашта, ҷузви одамҳои хилофкор набудаанд ва доғи судӣ ҳам надоштаанд.

Инчунин ба гуфтаи ВКД, дар байни касоне, ки худро ба мақомот таслим кардаанд, ду нафари онҳо собиқ узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва раисони маҳалии ин ҳизб дар ноҳияи Рӯшон будаанд.

Гуфта мешавад, тазоҳуроти 15-18-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ ва ба дунболи он дар ноҳияи Рӯшон асосон ба хотири додхоҳӣ аз мақомот дар ба хотири боздошт ва муҷозоти қотилони тазоҳуротгарон дар моҳи ноябри 2021, талаби истеъфои раиси ВМКБ ва раиси шаҳри Хоруғ ва озод кардани боздоштшудаҳои ғайриқонунӣ баргузор шуда буд, вале мақомот ин тазоҳуроти осоиштаро ғайриқонунӣ дониста, ба сӯи мардум тир кушод ва то дирӯз дасти кам 25 нафарро ба қатл расонида, даҳҳо каси дигарро захмӣ ва беш аз 140 нафарро ҳам боздошт кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.