26.9 C
Dushanbe

Беадолатиҳои додгоҳӣ Иззат Амонро аз идомаи мубориза ноумед кард

Иззат Амон, собиқ ҳомии муҳоҷирон дар Русия ва раҳбар “Маркази Тоҷикон” аз идомаи мурофиаҳои додгоҳӣ даст кашида, онро беҳуда донистааст.

Тавре Радиои Озодӣ аз қавли пайвандони Иззат Амон хабар дод, ки ӯ ба чунин хулоса расида, ки “дигар аз болои ҳукми додгоҳ шикоят намебарад, зеро ба адолати додгоҳӣ ва қонунмандии аҳкоми додгоҳҳои кишвар бовар надорад.”

Даст кашидани Иззат Амон аз идомаи мурофиаҳои додгоҳӣ дар ҳолест, ки 6-уми июн Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бар болои ҳукми ӯ 6 соли дигар афзуд ва дар маҷмуъ ҳукми ӯ ба 15 соли зиндон расид. Пайвандонаш мегӯянд, онҳо ҳамаҷониба барои пардохти маблағҳои даъвогарон омода буданд, вале додрас шоҳидонро напурсида ҳукмро хонду рафт.

Ба гуфтаи пайвандони Иззат Амон тарзи бархӯрди додрас онҳоро маъюс кард ва аз ин хотир ба дигар зинаҳо шикоят намекунанд, зеро онро бефоида медонанд.

Аз ин пештар наздикони Амриддин Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои шинохтаи мардуми Бадахшон, ки аз Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуда буд, гуфтанд, ки ӯ аз идомаи муҳокимаҳои додгоҳӣ даст кашидааст ва ба зинаҳои болоӣ шикоят намекунад, зеро бовар надорад, ки зинаҳои болои ҳукми ӯро тағйир бидиҳанд.

Мақомоти кишвар охири моҳи апрел Аловатшоевро бо 5 моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, барои 18 сол ӯро аз озодӣ маҳрум карданд.

Ва қабл аз инҳо низ Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷик Шерзод Маҳмадҷонов маъруф ба “Абдураҳмон 09” низ эълон карда буд, ки агарчи аз ҳукми додгоҳ розӣ нест, вале ба ҳеч зинае шикоят намекунад, чун бефоида аст.

Шоҳида Маҳмадҷоноваро Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 7-уми апрели соли ҷорӣ бо иттиҳоми “ҷонибдорӣ аз ақидаҳои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнуи “Гурӯҳи 24″ ва наҳзати исломӣ” ба 6 соли зиндон маҳкум карда буд. Худи ӯ ва пайвандонаш ба ҳукм додгоҳ розӣ нестанд, вале мегӯянд, шикоят бурдан ба зинаҳои дигари додгоҳӣ ҳукмро тағйир намедиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.