Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик озими Арабистон шуданд

Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷи фарзӣ озими Арабистони Саудӣ гардиданд.

Субҳи имрӯз, 20-уми июни соли 2022 Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон хабар дод, ки ҷамъе аз зоирони тоҷикистонӣ барои анҷоми фаризаи ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ рафатанд.

Ба гуфтаи ӯ, зоирони тоҷикро дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанде, раиси Кумитаи дин ва сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон гусел карданд.

Бо таваҷҷуҳ ба ҳолати пасокуруноӣ ва кам шудани сатҳи гирифторӣ ба ин беморӣ Раиси Кумитаи дин Сулаймон Давлатзода “аз зоирон даъват намуд, то дар кишвари мизбони ҳаҷ бо риояи ҳатмии тадбирҳои беҳдоштӣ ва чораҳои пешгирикунандаи ин беморӣ солимии худро ҳифз намоянд.”

Пеш аз ин Афшин Муқим дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, “имсол тибқи ҳиссаи ҷудонамудаи кишвари мизбон беш аз 3500 шаҳрванди Тоҷикистон ба маросими ҳаҷ сафарбар мегарданд.”

Ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини ислом аст. Анҷом додани ин фаризаи илоҳӣ барои ҳар як мусалмони ба балоғатрасидаи солим, доро ва тавоно дар умр як бор фарз аст.

Гуфта мешавад, имсол дар Тоҷикистон нархи сафари ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ барои як нафар ҳудуди 5 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.