29.9 C
Dushanbe

Муҳаммади Султон ба “тундгароӣ” гумонбар шуд

Рӯзноманигор Мамадсултон Мавлоназарови 72-сола, ки дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ нигаҳдорӣ мешавад, ба “тундгароӣ” муттаҳам шудааст.

Имрӯз, 20-уми июни соли 2022, пайвандони Мамадсултон Мавлоназаров маъруф ба Муҳаммади Султон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки пас аз талошҳои зиёд маълум кардаанд, ки ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ нигаҳ дошта мешавад.

Мақомоти корҳои дохилӣ, ки субҳи барвақти 16-уми июни соли ҷорӣ ӯро аз манзили зисташ сари лӯч ва пои бараҳна аз ҷои хобаш хезонда, ба самти номаълуме бо худ бурда буданд, то ҳол ба таври расмӣ сабаби боздошти ӯро шарҳ надодаанд, аммо пайвандонаш гуфтаанд, ки мақомот Муҳаммади Султонро ба “тундгароӣ” муттаҳам кардан мехоҳанд.

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфтааст, ки  рӯзи якшанбе ду маротиба ба ӯ ғизову либос бурдаанд, вале иҷозаи мулоқот нагирифтаанд ва маълум нест, ки ӯ вакили дифоъ дорад, ё не?

Мамадсултон Мавлоназаров, зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.

Ин рӯзноманигор дар солҳои 70-ум асри гузашта дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” кор кардаааст. Сипас ба кор дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷалб шуда, онҷо 25 сол адои вазифа карда, рутбаи полковникро дарёфт кардааст.

Мамадсултон Мавлоназаров бо вуҷуди он, ки дар ҳоли бознишастагӣ қарор дошт, яке аз корбарони фаоли шабакаҳои иҷтимоӣ буд ва пайваста хеле аз рафторҳои ноҷои мақомотро танқид мекард ва дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон низ менавишт.

Гуфта мешавад, вай дар давоми шаш моҳи мохир чанд бор эълон карда буд, ки мавриди фишор ва бозҷӯӣ қарор гирифтааст. Ӯ яке аз касоне, ки буд дар дохили кишвар ошкоро аз Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ низ танқид мекард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иқомаи як муҳоҷири тоҷик дар Русия бекор шуд

Пулиси шаҳри Самараи Федератсияи Русия иқомаи доимии як шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кард.

Режаи ҳарбӣ дар Майдони Сурхи Маскав ва намоиши паҳподҳои эронӣ

Имрӯз, 9-уми май дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав режаи ҳарбӣ бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.

Мақомоти Рашт: То девори мактаб чаппа нашавад, таъмир намекунем

Мақомот дар ноҳияи Рашт ба масъулини як мактаби хурде, ки дар ҳолати садавамӣ қарор дорад, гуфтаанд, то деворҳояш фурӯ нарезад, онро таъмир намекунанд.

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.