20.9 C
Dushanbe

Таъсиси коргурӯҳи муштараки амнияти Тоҷикистон ва Эрон

Муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон ба Тоҷикистон сафар карда ва бо Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мулоқот ва гуфтугӯ кардааст.

20-уми июни соли 2022 расонаҳои эронӣ гузориш доданд, ки Сайид Маҷид Мираҳмадӣ, муъовини амниятӣ ва интизомии вазорати кишвари Эрон барои ширкат дар нахустин нишасти “коргурӯҳи муштарки  амнияти Эрон ва Тоҷикистон” ба Душанбе сафар кардааст ва дар ин сафар бо Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Тоҷикситон дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Ҳамзамон сомонаи ВКД-и Тоҷикистон низ аз дидори Рамазон Раҳимзода бо ҳайати эронӣ хабар дода ва ҳадафи сафари ин ҳайати Эронро амалӣ намудани созишномаҳои қаблан ба имзорасида байни ду кишвар унвон кардааст.

ВКД Тоҷикистон мегӯяд, “ҷонибҳо масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳои якҷояро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор доданд ва хостори зудтари амалишудани тавофуқоти сарони ду кишвар дар дидори ахири онҳо шуданд”.

Гуфта мешавад, Сайид Маҷид Мираҳмадӣ, муъовини амниятӣ ва интизомии вазорати кишвари Эрон коргуруҳи муштараки амниятии ду кишварро боиси таҳкими амнияти ду кишвар ва хунсо шудани таҳдидҳои ду миллат донист ва бар иродаи ҷидди тарафи эронӣ барои иҷроӣ шудани тавофуқҳо ва фармонҳои сарони ду кишвар барои тақвияти равобит дар ҳама заминаҳо такид кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Даҳ сол пас аз боздошти раҳбарони ҲНИТ: Нигарониҳо, паёмадҳо ва умедҳо

Даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони ҲНИТ аз ҷониби мақомот ва маъмурони Эмомалӣ Раҳмон боздошт гаштанд.

СММ: Исроил дар Ғазза даст ба наслкушӣ мезанад

Кумитаи таҳқиқоти байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе таҳқиқоти худро дар бораи Исроил ба поён расонид.

Даҳҳо нафар дар Мазори Шариф алайҳи Толибон эътироз карданд

Дар Афғонистон мардум алайҳи ҳукумати сарпарасти Толибон ба далели поймол шудани ҳуқуқҳояшон эътироз карданд.

Ду мард беш аз $1 миллионро аз худ карданд

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар Душанбе ва Хуҷанд ду нафар бо гумони қаллобӣ боздошт шуданд.