13.9 C
Dushanbe

Афзоиши 30%-и ҳаҷми савдо миёни Тоҷикистону Афғонистон

Ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ҳудуди 36,3 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 қариб 30% бештар аст.  

Ба гузориши хабаргузори “Asia-Plus” дар истинод ба Агении омори Тоҷикистон, ҳудуди 97 дарсади ҳаҷми савдои дуҷониба дар ин давра содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Афғонистон ташкил додааст.

Маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон иборат аз интиқоли барқ ​​боқӣ монда, семент ва баъзе навъҳои маҳсулоти хӯрока ва кишоварзӣ аст ва тақрибан нисфи гардиши мол миёни ду кишварро пули содироти барқ ташкил медиҳад.  

Дар ҳоле аз афзоиши ҳаҷми савдо миёни Тоҷикистону Афғонистон гуфта мешавад, ки баъд аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон то кунун расман ҳеч кившаре дар дунё ҳукумати онҳоро эътироф накардааст. Тоҷикистон низ чандин маротиба расман зидди Толибон мавқеъ гирифта буд.

Гуфта мешавад, дар давоми раҳбарии Толибон дар Афғонистон, бархилофи мавқеъгириҳои расмӣ, доду гирифтҳои тиҷоратӣ ва транзитии Тоҷикистону Афғонистон, бахусус интиқоли молу колоҳои тиҷоратии мансуб ба домодҳо ва наздикону пайвандони Эмомалӣ Раҳмон ҳам нисбат ба гузашта дар ин масир афзоиш доштааст. Афғонистон дар миёни кишварҳои воридкунандаи маҳсулоти Тоҷикистон дар мақоми ҳаштум қарор дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 8% эълон шуд

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши 8-дарсадии иқтисоди кишвар дар се моҳи аввали соли 2026 хабар медиҳанд.

Падару писар дар як майдон бозӣ мекунанд?

Ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду, ки дар ҳайати бошгоҳи саудии "Ал-Наср" бозӣ мекунад, мумкин аст дар мавсими оянда бо писараш дар як даста ба майдон барояд.

Амрико оташбас бо Эронро боз тамдид кард

Шоми рӯзи 21-уми апрел раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп оташбас бо Эронро тамдид кард, вале муҳлати онро муайян накард.

Amnesty International аз марги маҳбусон, шиканҷа ва саркӯб дар Тоҷикистон гуфт

Созмони ҳуқуқии Афви байнулмилал ё Amnesty International вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон нигаронкунанда номидааст.