Путин аз Душанбе озими Ашқобод шуд

Президенти Русия, ки асри дирӯз вориди Тоҷикистон шуда буд, субҳи имрӯз ба мақсади Туркманистон Душанберо тарк кард.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дода, ки субҳи имрӯз, 29-уми июни соли 2022, сафари кории Владимир Путин, Президенти Русия дар Тоҷикистон ба поён расида, Душанберо ба мақсади Ашқобод тарк кард.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Президенти Тоҷикистон ҳамтои русиаш Владимир Путинро, ки “бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт”, гусел кардааст.

Владимир Путин асри дирӯз, 28-уми июни соли ҷорӣ бо анҷоми як “сафари корӣ” вориди Душанбе гардида, бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард ва сипас ҳар ду пушти дарҳои баста чанд соате ҳам гуфтугӯ карданд.

Ба гуфтаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар ин “вохӯрӣ маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардида, ҷонибҳо оид ба рушду густариш ва тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, табодули андеша карданд.”

Эмомалӣ Раҳмон зимни пазироӣ аз Владимир Путин бо баргузории “Шоми дӯстӣ” даҳҳо тон меваву сабзавоти тару хушкро дар бустонсарои ҳукуматӣ ба намоиш гузошт ва интишори аксу наворҳои ин меҳмондори пурхарҷ хашми корбаронро ба вуҷуд овард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

СММ ва Афви Байналмилал аз Толибон хостанд таркиши Кобул таҳқиқ шавад

СММ аз мақомоти Афғонистон хост, ки таркиши рӯзи 17-уми август дар ғарби Кобулро ҳамаҷониба ва бетарафона таҳқиқ кунанд.

Дар Полша низ мехоҳанд сиёсати муҳоҷиратиро сахттар кунанд

Сарвазири пешини Лаҳистон Матеуш Мораветский дар як ҳамоише дар Варшава барномаи нави муҳоҷиратии иттиҳоди сиёсии "Rozwój Plus"-ро муаррифӣ кард.

Трамп аз оғози фишорҳои нави иқтисодӣ алайҳи Эрон хабар дод

Трамп субҳи 20-уми август эълон кард, ки Вашингтон барномаи нави фишорҳои иқтисодиро алайҳи Эрон оғоз мекунад.

Оё дар Русия “патент” барои муҳоҷирон бекор мешавад?

Дар Русия мехоҳанд низоми муҳоҷирати кориро ба таври куллӣ тағйир диҳанд.