Бедодгарии мавҷи ҷадиди коронавирус дар Олмон

Мавҷи ҷадиди коронавирус дар Олмон рӯзона даҳҳо ҳазор нафар сокинони ин кишварро ба ин беморӣ мубтало мекунад.

Хабаргузории Садои Олмон ба нақл аз мақомот тандурустии ин кишвар хабар дод, ки танҳо дар шабонарӯзи гушзашта мубтало шудани 133 ҳазору 950 нафар ба коронавирус дар Олмон сабт шуда ва 175 кас ҳам бар асари бемории коронавирус фавтидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Институти Роберт Кох (RKI) сатҳи гирифторшавӣ ба ин бемориро (ба 100 000 нафар дар як ҳафта) рӯзи чоршанбе, 29 июн 646,3 дар рӯз пешбинӣ карда буд. Ин сатҳи гирифторшавӣ як рӯз пеш 635,8 нафар, як ҳафта пештар 488,7 ва як моҳ пеш аз ин 196,3 нафар арзёбӣ шуда буд.

Бо вуҷуди ин, ин омор тасвири пурраи вазъи паҳншавии ин бемориро дар Олмон ифода намекунанд. Зеро ба гуфтаи бархе коршиносон. шумораи зиёди гирифторони ин беморӣ аз ҷониби RKI сабт нашудааст ва бархеи дигар низ дар назди мақомоти беҳдоштӣ аз санҷиши коронавирус нагузаштаанд.

Гуфта мешавад, то кунун дар Олмон санҷишҳои таъҷилии беморон ба хотири коронавирус ройгон буд, вале пас аз 1-уми июли соли ҷорӣ арзиши ташхисҳои фаврӣ пулакӣ эълон шуда, нархи он 3 евро барои сокинон таъйин  шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷирати Русия метавонад маълумоти бонкии муҳоҷиронро тафтиш кунад

Акнун Хадамоти муҳоҷирати Русия метавонанд мустақлиона ва бо қарор додгоҳ фаъолиятҳои молии муҳоҷиронро тафтиш кунанд.

Кабирӣ рафт, кӣ омад?

Интихоби раиси нави Наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор шуд.Имрӯз, 19-уми...

Давоми силсилаи боздоштҳо: панҷ сокини Язгулом дар масҷид дастгир шуданд

Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе панҷ нафарро бо гумони алоқамандӣ ба ҳаракатҳои ифротгароӣ боздошт карданд.

ИМА дар ҳамдастӣ ба ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” як шаҳрванди Афғонистонро маҳкум кард

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамала ба толори "Крокус Сити Ҳолл" ба зиндон маҳкум шуд.