Ҳузури раҳбари Толибон дар “лӯи ҷирга”-и Кобул

Раҳбари Толибон барои нахустин бор аз замони дубора ба сари қудрат расидани Аморати исломӣ дар Афғонистон ба Кобул рафта, дар нишасте иштирок кардааст.

Сухангӯи Толибон, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид хабар дода, ки субҳи имрӯз, 1-уми июли соли 2022, раҳбари Аморати исломӣ мавлави Ҳиббатуллоҳ Охундзода дар Гирдиҳамоии бузурги уламои Афғонистон иштирок ва суханронӣ кардааст.

Ба қавли Муҷоҳид, Охунзода пас аз ироаи табрикоти худ нисбат ба сари қудрат омадани Толибон гуфтааст, ки нерҳои Аморати исломӣ бо ҷону моли худ ҷангдиданд, то “низоми шариати исломӣ ҳокик шавад” ва акнун пас аз ин чун уламо динро хуб мешиносанд, “масъули иҷрои низоми исломӣ ҳастанд.”

Нишасти серӯзаи Толибон зери унвони “Гиридиҳамоии бузурги уламои Афғонистон”, ки дирӯз, 30-юми июни соли 2022 дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон дар вазъияти комилан амниятӣ ба кори худ оғоз карда буд, пас аз як ҳамлаи мусаллаҳона қатъ гардид ва субҳи имрӯз дубора ба кори худ идома дод.

Гуфта мешавад, “Гиридиҳамоии бузурги уламои Афғонистон” бо ҳузури беш аз 3000 ҳазор нафар аз ҳомиёни Толибон аз шаҳристонҳои мухталифи Афғонистон пушти дарҳои баста ва бидуни ҳузури намоядаҳои занон ва расонаҳо баргузор мешавад. Адами ҳузури намояндаҳои ду рукни муҳимми давлатдорӣ, ки яке нисфи ҷомеаро ташкил медиҳад ва дувумӣ садои мардумро инъикос мекунад, ба вокунишҳои зиёде рӯбарӯ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

На исломӣ ва на демократӣ: Сиёсати паёмрасонии Душанбеву Теҳрон дар ҷанозаи Хоманаӣ

Баргузории ҷаноза дар рӯзи ҷашни 250-солагии истиқлоли Амрико низ ба чолиш кашидани ин кишвар ҳади ақал дар ҷанги иттилоъотӣ буд.

Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия ба Тоҷикистон низ таъсир расонд

Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба корхонаҳои коркарди нафт ба вуҷуд омад, ба Тоҷикистон низ таъсири худро расондааст.

Баҳс сари бозии Аргентина ва Миср идома дорад

Баҳсҳо перомуни бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 2026 байни дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Миср, ки бо ҳисоби 3:2 ба нафъи мунтахаби Аргентина анҷом ёфт, то ҳанӯз идома дорад.

Вазири маориф ба қазияи латукӯби омӯзгор посух дод. Чи посухе!

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ҳам омӯзгори латукӯбшуда ва ҳам донишомӯз гунаҳкор дониста, ҷарима шуданд.