Боздошти муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми маблағгузорӣ ба терроризм

Дар шаҳри Саратови Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро мақомоти интизомии ин кишвар бо иттиҳоми маблағгузорӣ ба терроризм боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои шабакаи телаграми Оперативные сводки, кормандони интизомӣ як шаҳрванди Тоҷикистонро бо номи Алиев Қодирҷон пас аз фиристодани пул ба ҷангҷӯён тавассути терминали низоми пардохти QIWI боздошт кардаанд.

Манбаъ бо нашри навори ин муҳоҷири тоҷик менависад, ки гӯё ӯ “ба бародарони ҳамдини худ дар шаҳри Идлиби Ҷумҳурии Сурия барои иштирок дар фаъолиятҳои террористӣ кумак мерасонд. Аз ҷумла, бо пули бо азоб дар сохтмонҳои Русия коркардааш ӯ дидаю дониста ба Сурия барои ҷангҷӯёни созмони террористии “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” пул мефиристод. Ин зодаи Осиёи Марказӣ ба террористҳо то кунун танҳо ҳудуди 10 ҳазор рубл фиристода буд, ки онҳо бо ин пул барои худ васоили алоқа ва либоси ҷангӣ харидаанд”.

Дар идомаи хабар гуфта мешавад, ки боздоштшуда ба кардаи худ “иқрор” шуда, нисабати ӯ бар асоси қисми 1.1 моддаи 205.1 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми маблағгузорӣ ва сафед кардани терроризм парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ аз 8 то 15 соли зиндон ва ҷарима ба маблағи аз 300 ҳазор то 700 ҳазор рубли русӣ таҳдид мекунад.

Аммо дар навори нашршуда, вақте аз Алиев Қодирҷон чанд дафъа мепурсанд, ки оё ӯ ба Сурия пул фиристодааст? Ӯ ба ин савол ҷавоби рӯшане надода, мегӯяд ки “намедонад”.

То ҳол аз кадом минтақаи Тоҷикистон будан ва назари пайвандону адвокати ин муҳоҷири тоҷик дастраси расонаҳо нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия интиқоли дизелро ба Тоҷикистон афзоиш дод

Моҳи августи соли 2026 Русия ба Тоҷикистон беш аз 56 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ интиқол додааст.

Дар Ашт нерӯгоҳи офтобӣ ифтитоҳ шуд. Лимити барқ аз байн меравад?

Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд рӯзи 21-уми сентябри соли 2026 бо иштироки раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт ба истифода дода шуд.

БРО ба Тоҷикистон $43 млн грант медиҳад: Ин маблағҳо куҷо сарф мешаванд?

Бонки Рушди Осиёӣ (БРО) тасдиқ кард, ки барои ислоҳоти бахши тандурустӣ ва тақвияти бехатарии тиббӣ ба Тоҷикистон 43,27 миллион доллар грант ҷудо мекунад.

Хадамоти муҳоҷирати Русия метавонад маълумоти бонкии муҳоҷиронро тафтиш кунад

Акнун Хадамоти муҳоҷирати Русия метавонанд мустақлиона ва бо қарор додгоҳ фаъолиятҳои молии муҳоҷиронро тафтиш кунанд.