19.9 C
Dushanbe

Ҳамкориҳо байни Душанбеву Бишкек беҳтар мешавад

Шуморе аз масъулони Душанбе ва Бишкек дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими равобит дар пойтахти Тоҷикистон ба гуфтугӯ нишастанд.

Дирӯз, 22-юми августи соли 2022 вохурии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири фавқулъода ва мухтори Қирғизистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқоти Содиқ Имомӣ бо Эрлан Абдилдаев “масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.”

Ба қавли манбаъ, дар рафти мулоқот “ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои бисёрҷониба дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.”

Гуфта мешавад, муносибатҳои дуҷонибаи Душанбеву Бишкек тайи ду соли ахир ба сабаби низоъҳои ба такрори марзӣ хеле сард шуда, Қирғизистон марзҳояшро ба рӯи Тоҷикистон бастааст.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, яке аз иллатҳои асосии сард шудани равобити дуҷониба байни кишварҳо қочоқи маводи сӯхт, молу колоҳои тиҷоратӣ тавассути афроди вобаста ба хонавода ва домодҳои Эмомалӣ Раҳмон боиси нофаҳмиҳо ва ташдиди низоъҳо гардида буд, вале дар ин ду моҳи охир дидору мулоқотҳои масъулини боломақоми ду кишвар дар сатҳҳои мухталиф зиёдтар шуд, ки аз оғози фасли ҷадиде дар равобити ду кишвар дарак медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Курсҳои ройгони омодагӣ ба имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ

Дар Душанбе барои шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия...

ҲНИТ калимаи “ҳизб”-ро аз номаш гирифт

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри баёнияе эълон кард, ки аз номаш калимаи "ҳизб"-ро бардоштааст.

Додситони ноҳияи Балҷувон пас аз тафтиши дохилӣ аз мақом барканор шуд

Мурод Муқимзода, додситони ноҳияи Балҷувон, пас аз тақрибан як соли фаъолият аз вазифааш барканор шудааст.

Шаҳрванди Афғонистон дар Ваҳдат бо гумони куштани падараш боздошт шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди 25-солаи Афғонистон бо гумони куштани падараш дар шаҳри Ваҳдат хабар дод.