Сокинони аз 60-сола боло дар Тоҷикистон вояи чоруми воксинро мегиранд

Марҳилаи чоруми ваксиназанӣ зидди COVID-19 дар Тоҷикистон аз 16-уми августи соли ҷорӣ оғоз шуда, то имрӯз 36 635 нафар кормандони соҳаи тиб вояи чоруми ваксинаи зидди коронавирусро гирифтаанд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон баъд аз кормандони соҳаи тиб, шахсони аз 60-сола боло ваксина карда мешаванд.

Аз оғози ваксиназанӣ то имрӯз 5 миллиону 312 ҳазору 807 нафар (94,9%) вояи якум, 5 миллиону 221 ҳазору 534 нафар (93,3%) вояи дуюм ва 4 миллиону 927 хазору 758 нафар (88%) воями сеюми ваксинаро гирифтаанд.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди коронавирус, ваксиназанӣ зидди коронавирус барои шахсони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.

Дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии COVAX ва кумакҳои башардӯстона, Тоҷикистон дар маҷмуъ ҳудуди 18,3 миллион воя воксинҳои зидди COVID-19, аз ҷумла навъҳои CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо), Moderna, Pfizer (ИМА) ва Sputnik V (Русия)  дарёфт кардааст.

Тибқи оморҳои расмӣ, дар Тоҷикистон ба бемории COVID-19 17388 нафар гирифтор шуда, 124 нафар фавтидаанд ва боқимонда аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Бино ба иттилои сомонаи covid.tj баъд аз 17-уми марти соли 2022 дар Тоҷикистон касе ба ин беморӣ гирифтор нашудааст.

Коршиносони соҳа ба ин омори додаи мақомот бо шубҳа менигаранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия НАТО-ро ба ҳамлаи ҳастаӣ таҳдиди кард

Маскав мегӯяд, дар сурати муҳосира шудани Калининград ба марказҳои қабули қарор дар кишварҳои узви паймони НАТО ҳамлаи ҳастаӣ хоҳад кард.

Иҷрои пурраи нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон дар баъзе минтақаҳо

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон дар рӯзи аввал пурра иҷро шудааст.

Раҳмону Ҳуснулин дар Душанбе масоили иқтисодиро баррасӣ карданд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Марат Хуснуллин муовини раиси ҳукумати Русия масоили ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд.

Ҷанҷоли халабонҳо ҳангоми парвоз ва нишасти изтирорӣ дар Табук

Ҳавопаймои ширкати "Flydubai", ки аз Дубай ба самти Тел-Авив парвоз мекард, рӯзи 30-уми сентябр ҳангоми парвоз дар шаҳри Табуки Арабистони Саудӣ нишасти изтирорӣ анҷом дод.